Ташрифи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 7 июли соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд ба Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ташриф овард. Вазири маориф ва илм бо пояи моддию техникии донишкада, шароити таҳсил, ҳолати синфхонаҳои таълимӣ ва фаъолияти комиссияи қабул шинос гардида, барои ...
Боздиди Вазири маориф Раҳим Саидзода аз Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ. 07 июли соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ боздид намуд. Вазири маориф ва илмро роҳбарият ва кормандону устодон дар саҳни донишкада истиқбол намуданд. Раҳим Саидзода бо шароиту имкониятҳои фароҳамгардидаи таҳсил дар донишкада шинос шуда, ба лабараторияву синфхонаҳои дорои шароиту имкониятҳои меъёрӣ ...
ВОКУНИШ БА МАТЛАБИ ИСТИФОРДАБАРАНДАИ ШАБАКАИ ИҶТИМОӢ МОҲ АСАДОВА (MOH ASADOVA) Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаби аз ҷониби истифодабарандаи шабакаи иҷтимоӣ Моҳ Асадова (Moh Asadova) дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар гурӯҳи “АХБОР БАРОИ АФКОР” нашршударо дар мавриди бе тарҷумаи шиноснома надодани шаҳодатномаи хатм ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ қарор дода, иттиллоъ медиҳад: Талаби тарҷумаи шиноснома ба забони русӣ барои ...
Ҳайати Тоҷикистон ҷиҳати роҳандозӣ намудани шаклҳои алтернативии фарогирии кӯдакон бо таълиму тарбияи томактабӣ ба Узбекистон сафар намуд ДУШАНБЕ, 04.07.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои талаботи «Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030» дар доираи татбиқи лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдак барои рушди сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» ҷиҳати ташкили шаклҳои алтернативии фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз мутахассисони соҳаҳои маориф ва илм, ...
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МОҲИ ИЮН 29 июни соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он аъзои ҳайати мушовара, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, ...