ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2023» ОҒОЗ ГАРДИД 21 сентябри соли 2023 бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон - 2023» оғоз гардид, ки дар маросими ифтитоҳии он Зиёдулло Абдулзода - муовини вазири маориф ва илм, кумитаи тадорукотии озмун, аъзои ҳакамон, иштироккунандагони озмун ва намояндагони соҳаи маориф аз шаҳру ноҳияҳои гуногун иштирок ...
МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ВАЗИРИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ, ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН 20 сентябри соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар шаҳри Тошкент бо вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдураҳмон Иброҳимов мулоқот намуд. Дар мулоқот масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, омӯхтани таҷрибаи пешқадам ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони варзида ва ...
ИШТИРОКИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР СИМПОЗИУМИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МАОРИФ Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Симпозиуми Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои маориф таҳти унвони "Омӯзгори соҳибкасб- миллати босавод" доир гардида истодааст, ки дар он бо роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода намояндагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд. Ҳамоиши мазкур бо иштироки намояндагони маорифи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ...
ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МАРКАЗИ РУСӢ, БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ВА ЛИТСЕЙИ НАЗДИ ДОНИШГОҲ ДИДАН НАМУД Шоми имрӯз, 19-уми сентябр Саидзода Раҳим Ҳамро, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, аз Маркази таҷдидшудаи фарҳангии русӣ, бинои нави таълимии замонавии иборат аз 5 ошёна, ки фарогири таҳхона, ошхонаи умумӣ ва толори нави фарҳангӣ барои 600 ҷойи нишаст ...
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ СИТОДИ ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ БА ОМӮЗГОРОН Имрӯз, 19 сентябр дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи Ситоди таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзгорон баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат ба таври ҳузурӣ ва мудирони раёсату ...