257 омӯзгор фароғат карданд

11-07-2017
Фаъолияти кумитаи иттифоқи касабаи  раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ сол то сол беҳтар гардида, бо ташаббус ва иқдоми роҳбарияти он омӯзгорону  устодони муассисаҳои таълимии ноҳия беҳтару хубтар ба истироҳату фароғат ва табобат ҳангоми ба мураххасӣ баромадан фаро гирифта мешаванд.
-Агар соли 2015 107 омӯзгорро барои истироҳату табобат ба табобатгоҳҳои ҷумҳурӣ фиристода бошем, пас дар соли 2016 ин рақам 257 нафарро ташкил дод,-гуфт зимни суҳбат  раиси кумитаи иттифоқи касабаи ноҳия Асрор Қурбонов.
Ба таъкиди сарвари кумита, соли гузашта 52 омӯзгор бо замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд, ки аз онҳо 11 нафарашон омӯзгорони ҷавон маҳсуб меёбанд. Ҳамчунин, 22 нафар  омӯзгори ҷавон бо хобгоҳ таъмин карда шуданд. Роҳбарияти кумитаи иттифоқи касаба баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар таълимгоҳҳо ва арҷгузории омӯзгорон  чорабиниҳои гуногунро роҳандозӣ  менамояд. Баргузории оз-мунҳои «Раиси иттифоқи касабаи сол», «Парчами сайёр» ва монанди инҳо аз ҳамин  қабил ба шумор мераванд. Соли гузашта 11  омӯзгор бо пешниҳоди кумита бо нишони «Аълочии маориф ва илми  Тоҷикистон» сарфароз гардонда шуданд. Ҳамасола дар таътили  тобистона барои фароғати хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар истироҳатгоҳҳо аз ҳисоби маблағҳои кумита 100 ҳазор сомонӣҷудо карда мешавад.
Кумита дар ҳолати сар задании  офатҳои табиӣ ба сокинони ҷамоатҳои деҳот кумита ёрии худро дареғ намедорад. Танҳо соли гузашта  ба аҳолии зарардидаи ҷамоатҳои деҳоти Турсунзода ва Зайнабобод, ки бар асари селборон манзилҳои зисти аксарияти  одамон вайрону хароб гардида буд, кумитаи иттифоқи касаба ба маблағи зиёда аз 51000 сомонӣ кумаки молиявӣ намуд.