Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъи гузаронидани чорабиниҳои “Занги камолот”, “Иди Алифбо”, “Хайр боғча” дар муассисаҳои таълимӣ

04-05-2017

    ҚАРОРИ МУШОВАРАИ  ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН

 

аз « 28» 04  соли 2017               № 5/23                                         ш. Душанбе

 

Дар бораи манъи гузаронидани чорабиниҳои
“Занги камолот”, “Иди Алифбо”, “Хайр боғча” дар муассисаҳои таълимӣ 

Ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумиро “Дар бораи манъи гузаронидани чорабиниҳои “Занги камолот”, “Иди Алифбо”, “Хайр боғча” дар муассисаҳои таълимӣ” баррасӣ намуда,  қарор мекунад:

1.Гузаронидани чорабиниҳои “Занги камолот”, “Иди Алифбо”, “Хайр боғча” дар муассисаҳои таълимӣ манъ карда шаванд.

        2.Сардорони раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимии ҷумҳуриявӣ вазифадор карда шаванд, ки иҷрои қарори мазкурро таъмин намоянд.

   3.Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ (А.Алиев) вазифадор карда шавад, ки қарори мазкурро дастраси раёсат, шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии ҷумҳуриявӣ гардонад ва риояи онро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳад.

   4.Ба котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (Э.Хушвахтов) супорида шавад, ки ҷиҳати фаҳмонидани зарурат ва моҳияти қарори мазкур тариқи воситаҳои ахбори омма чораҳои зарурӣ андешад. 

    5.Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус (С.Қодиров) вазифадор карда шавад, ки дар сурати риоя накардани қарори мазкур аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои таълимӣ (новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон) ё омӯзгорону мураббияҳо тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо муҷозоти меҳнатӣ пешбинӣ намояд.

   6.Назорат ва иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини вазири маориф ва  илм  Латофат Назирӣ  гузошта  шавад. 

 

 

Раиси ҷаласа,
        муовини вазир                                                                  Б. Одиназода