Аз «вабо»-и аср дурӣ ҷӯем

09-03-2018
Пешгирӣ аз терроризм рӯз аз рӯз ба масъалаи муҳими глобалӣ табдил ёфта истодааст, ки он ҷаҳонро ноором мегардонад. Ин нукта дар Паёми навбатии Сарвари давлати Тоҷикистон низ ҷиддан таъкид гардид.
Дар Паём, аз ҷумла, гуфта шуд, ки соли 2017 дар гӯшаҳои мухталифи олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра беш аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифтанд. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн менамояд. Идомаи минбаъдаи чунин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад. 
Аслан, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне аз даҳшат ва таҳдиди терроризм ба ҳаёти аҳли башар ҳушдор доданд, ки ҳаводиси 11–уми сентяб-ри соли 2001 дар Амрико ҷаҳонро ба ларза оварда, баъзе кишварҳои Шарқи Миёна ба хоку хун оғушта нагашта, воқеаҳои хунини Париж рӯй надода буданд. Аз ин лиҳоз,  Сарвари давлат доимо таъкид бар он мекунанд, ки «террорист ватан, миллат ва мазҳаб надорад». Барои тақвияти мубориза бо терроризм бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 12 ноябри соли 2016 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳи 2016 – 2018» қабул гардид, ки ҳадафи асосии он пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию ифротгароист.
Дар ин росто, бояд ба кори таълиму тарбияи шогирдон низ бетараф набошем, зеро андак бетаваҷҷуҳӣ метавонад инсонро ба роҳи каҷ барад. Бояд тавассути ба роҳ мондани тарғиби арзишҳои сулҳу ваҳдат ва худшиносии миллӣ ба эҷоди мафкураи зидди террористӣ кӯшиш кунем.  
Акнун дар назар аст, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе, дар ҳамкорӣ бо як қатор ниҳодҳои хориҷӣ ва дигар шарикони рушд конфронси байналмилалӣ дар сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез баргузор мегардад, ки мавқеи оштинопазири Тоҷикистонро дар мубориза ба терроризму ифротгароӣ бори дигар нишон медиҳад.      
Дилбар Худойназарова, 
директори мактаби №54-и шаҳри Душанбе