Баррасии фаъолияти кумита дар нимсолаи аввал

01-08-2017
31-уми июли соли ҷорӣ дар толори Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи Пленуми Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  Қодири Қосим, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм Рамазон Одиназода, аъзоёни Пленум, раисони кумитаҳои иттифоқҳои касабаи кормандони маорифи вилояти ва шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа нахуст раиси кумита Р.Одиназода доир ба фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2017 ҳисобот дода, аз ҷумла, қайд кард, ки имрӯзҳо ташкилоти Иттифоқи касабаи маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 243800 нафар аъзоёни иттифоқи касабаро муттаҳид менамояд. Аз ин шумора 52061 нафар аъзои иттифоқи касаба донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мебошанд. Шумораи умумии омӯзгорон, устодону  кормандон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии ба сохтори Иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шомилбуда, зиёда аз 283700 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин шумора 243805  нафар аъзои иттифоқи касабаи соҳа мебошанд. Яъне, фарогирии умумӣ ба аъзогии Иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кормандон ва хонандагону донишҷӯён 85,9 % - ро ташкил медиҳад. 
Ҳамчунин, дар идома раиси кумита доир ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои аъзоёни иттифоқи касаба, фаъолияти нозирони ҳуқуқи меҳнат ва нозирони меҳнат, иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, ҳавасмандгардонии аъзоёни иттифоқи касаба, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, оммавӣ ва тарғиботӣ,  ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти кумита ҳисобот дод.
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон  Қодири Қосим зимни суханронии худ аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ёдовар шуда, ҳамчунин, вобаста ба зиёд намудани теъдоди аъзоёни иттифоқи касаба, бастани шартномаҳои колективӣ, созишномаҳои соҳавӣ, ҷоннок намудани ҳамкориҳои сохторҳои иттифоқҳои касаба дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо шӯрои Иттифоқи касаба, ба кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон, таъминот бо кадрҳо омӯзгорӣ ва чанде дигар мушкилиҳои соҳа ибрози андеша намуд. 
Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода низ аз ҳамкориҳо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки минбаъд низ баҳри рушди ҳамкориҳои дуҷониба тамоми чораҳо андешида мешавад.
Дар охир, вобаста ба дигар масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.