Чанд сухан дар бораи ЭССЕ

04-12-2017
Тавре маълум аст, соли ҷорӣ хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар баробари имтиҳони тестӣ эссе ҳам менависанд. Ба ин хотир дар мактабҳо тарзи аз худ кардани эссе ва тартиби навиштани он ба роҳ монда шудааст.
Аз ҷумла, мувофиқи стандарту барномаҳои нави таълими забон ин мавзӯъ дар синфи 10 омӯзонида мешавад. Барои ҳарчи зудтар дастрасӣ кардан ба он ва омодагии хубтар дидан мо тасмим гирифтем, мавзӯӣ мазкурро, ки дар «Раҳнамо» синфи 10 ва китоби дарсии он ҷо дода шудааст, пешниҳоди омӯзгорон гардонем. Мумкин аст бо бардошт аз чунин мақолаҳо худи шумо намунаи беҳтарини эссеро таҳия намоед ва ҳатто барои дастгирии омӯзгорони ҷавону омодагии довталабон аз тариқи нашрияҳои соҳа пешниҳод намоед. 
Барои маълумоти пурра ҳосил кардан аввал зарур аст, ки мо чӣ будани эссеро донем. Эссе дар маълумотномаҳои тафсирӣ чунин шарҳ ёфтааст:
1. ЭССЕ (фр. essai-айнан таҷриба) – очерк (илмӣ, таърихӣ, публитсистӣ). Словарь иностранных слов. - М. 1954, саҳ. 822 
2. Эссе – як намуди очерк. Луғати русӣ – тоҷикӣ, - М. , 1985, саҳ. 1235 
3. Эссе (фр. еssai) жанри  танқид, публисистика – очерки  насрӣ, ки мавзӯи  озодро  тавсиф мекунад. Школьный словарь иностранных слов. - М. -2001, саҳ 2008 
4. Эссе (лот. эксайум- баркашида; англ эссай «фр. эссаи – таҷриба, кӯшиш, очерк, мақола»- жанри адабиёти фалсафӣ, эстетикӣ, адабӣ – танқидӣ, бадеӣ, публитсистӣ, адабиётшиносӣ, ки дар он муаллиф ин ё он проблемаро  ба таври  озод маънидод  мекунад. Дар  эссе, одатан, фикрҳо  парадоксанд, яъне аксар  вақт  зоҳиран хилофи фикрҳои  дурусти омма  мебошанд. Дар  он нутқи  гуфтугӯии халқ  зиёд кор  фармуда  мешавад.
Асосгузори жанри эссе нависанда, гуманист ва  файласуфи  Франсия М. Монтен (1533-1592) мебошад. Ӯ дар асараш «Эссайс» (1980) ақидаҳои худро баён  кардааст…
(Отахонов Т. «Фарҳанги истилоҳоти адабиётшиносӣ»; Душанбе, 2002 саҳ. 444) 
5. Эссе – фр.- навъи очерк («Фарҳанги  тафсирии  забони тоҷикӣ», Душанбе, 2010, ҷ. 2, саҳ. 703)
Эссе махсусиятҳои худро дорад. Он вожаи франсузӣ (essai) буда, таърихан аз калимаи  лотинии txagium гирифта шудааст. Вожаи  франсузии «essai»-ро  метавон  айнан  чунин  тарҷума  кард: таҷриба, санҷиш, кӯшиш, қайдҳои алоҳида,  очерк.
Эссе иншои насриест, ки  ҳаҷман  чандон  калон набуда, композитсияи (сохтори) озод дорад. Муаллиф дар он  андешаю  таассуроти шахсиашро доир ба мавзӯи пешниҳодшуда мухтасар бо далелҳои асоснок баён месозад. Дар эссе ҷаҳонбинию андешаҳои муаллиф доир ба ягон мавзӯи фарҳангию таърихӣ  ва ҷамъиятӣ  инъикос меёбад. 
Мавҷудияти мавзӯъ ё масъалаи  аниқ  яке аз  махсусиятҳои эссе мебошад. Асарҳои калонҳаҷму дорои чандин мавзӯъро дар ин жанр  иҷро ва  таҳлил кардан номумкин  аст. Баёни таассурот ва  андешаҳои  шахсӣ  оид  ба  муносибат  ва масъала  асоси  эссеро ташкил медиҳад. Эссе метавонад шахсӣ  (ё субъективӣ) ва  объективӣ  бошад. Дар  эссеи (субъективӣ) хислату  кирдор,  орзую хостаҳои муаллифи  он баён мегардад. Дар эссеи  объективӣ муаллиф дар бораи ягон ғоя ё сухани (гуфтори) адибону олимон, шахсиятҳои намоёни сиёсӣ ва ғайраҳо андешаҳояшро баён менамояд. Муаллифи эссе дар бораи  идея ё  гуфторе фикрашро  изҳор дошта, тарафдор ё  муқобил будани худро бо далелҳо  исбот менамояд. Мақсади навиштани эссе рушди малакаҳои тафаккури эҷодии  мустақилона ва баёни хаттии андешаҳои шахсӣ мебошад. Навиштани эссе ба муаллифи  он имконият  фароҳам  меоварад, ки  андешаро  аниқ  ва босаводона мураттаб намояд. Ахборро ба низом дарорад. Мафҳумҳои асосиро истифода барад, робитаи сабабу натиҷаро муқаррар  созад ва хулосаҳои  худро  бо далелҳо собит намояд.
Эссенавис ҳангоми  шарҳу маънидод  бояд аз  сергапӣ,  истифодаи  калимаҳои нофаҳмою душвор, калимаҳои  шевагӣ, ки ба меъёрҳои забони адабӣ ҷавобгӯ нестанд, худдорӣ намояд. Ҳамзамон, истифодаи бемавқеи калимаҳои  иқтибосӣ низ ҷоиз нест. Истифодаи  воситаҳои муассири луғавӣ ва  воситаҳои тасвир, фразеологизмҳо, ифодаҳои ҷолибу пурмуҳтаво  эссеро  ҷаззобу хонданбоб  мегардонад.
Сохтори эссе аз рӯи  мавзӯъ ва  талаботи гузошташуда чунин  муайян карда мешавад: андешаҳои муаллиф оид ба масъала дар шакли тезиси мухтасар баён карда мешавад: андешаҳои  муаллиф бояд бо далелҳо  исбот карда шаванд. Аз  ин рӯ, пас аз  тезис далелҳо  меоянд:  далелҳо –ин  воқеаҳо, падидаҳои  ҳаётӣ - ҷамъиятӣ, ҳодиса, вазъиятҳои ҳаётӣ ва  таҷрибаҳои зиндагӣ, далелҳои  илмӣ, муроҷиат ба гуфтори  олимон ва ғайаҳо. Баъди ҳар  тезис овардани ду далел кофист.
Ҳамин тариқ, эссе сохтори ҳалқавӣ ба худ  мегирад (миқдори тезис ва далелҳо  вобаста  ба  мавзӯъ, нақша  ва  мантиқи  рушди фикр аст).
Муқаддима (сарсухан) – тезис, далелҳо;  тезис – далелҳо; -  тезис, далелҳо; хулоса (хотима).
Дар вақти навиштани  эссе ба  як қатор масъалаҳо  диққат  додан лозим  аст. Ҷавоб додан ба онҳо имкон фароҳам  меорад, ки  чӣ  навиштан  аниқ  муайян кунед.  Ба сифатҳои  шахсӣ ё  қобилияти худ дахл  карда, аз  худ пурсед: 
- Ман ба ин ё он сифати  худ аз онҳое, ки медонанд,  оё фарқ дорам? Ин фарқ дар чӣ  зоҳир  мешавад?
Оид ба фаъолияте, ки  машғулед:
- Чӣ маро  водор  сохт, ки  ба ин  навъи  кор  машғул гардам? Чаро ман ин кори худро  идома медиҳам? 
Доир ба ҳар як воқеаи  ҳаёти худ,  ки шумо ишора кардаед:
- Чаро ман  маҳз  ин  одамро номбар кардам? Магар  кӯшиш  мекунам, ки  мисли ӯ бошам? Аз кадом сифатҳои ӯ ба шавқ меоям? Ва изҳор карда  будед, ки як  умр аз хотир  намебарорам. 
Масъалагузорӣ (ё гузоштани савол) дар сарсухан: «Мехоҳам доир  ба ин масъала  андешаамро  баён  кунам» (агар  эссеи шахсӣ ё субъективӣ) бошад. «Моҳияти масъалаи  гузошташуда аз чӣ  иборат аст?» «Чаро ин мавзӯъ муҳим аст?», «Ман ба ин андеша розӣ шуда наметавонам», «Ман ба ин  андеша розиам» ва ғайраҳо.
• Ҳар як тезис аз сатри нав оғоз меёбад. Дар  ҳар тезис масъалаи гузошташуда батартиб таҳлил ва бо далелҳо асоснок карда мешавад. Фикру мулоҳизаҳо бояд мураттаб баён  гарданд.
• Таъкид дар хулоса: «Аз таҳлили мавзӯъ чунин хулоса бармеояд, ки …», «Ман ба  чунин хулоса омадам, ки …» 
• Аз нуқтаи назари мазмун эссе метавонад философӣ, адабӣ – танқидӣ, таърихӣ, бадеӣ, бадеию публитсистӣ ва ғайраҳо шавад.
Аз ҷиҳати ҳаҷм барои эссе ягон ҳудуди қатъӣ гузошта нашудааст. Метавон ҳаҷми онро барои хонандагон аз 2-3  то 4 саҳифаи чопи компютерӣ муқаррар сохт. 
Мавзӯи эссе ҳамеша аниқ аст. Он дорои мавзӯъ ё идеяи  бисёр буда наметавонад, дар  он танҳо  як  вариант ва як  фикр  инъикос меёбад. Эссе ҷавоб ба як  савол аст. Дар эссе бисёрсуханӣ ҷоиз нест, он  бояд мухтасару пурмаъно ва  беғалату тезисҳо  бо  далелҳо  собит  шуда  бошанд.
Сайдамир АМИНОВ