Чорабинии «Базми дониш» дар Шаҳринав

12-05-2017

Бо ташаббуси Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Шаҳринав 5-уми майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Шаҳринав чорабинии фарҳангию фароғатӣ ва бадеӣ-адабии «Базми дониш» баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илм Л.Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ М.Қодирова, раиси ноҳия Н.Аюбзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия М.Шарипова, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор Н. Муқимова, омӯзгорон ва хонандагон бо волидайнашон ширкат доштанд.

Зимни суханрониҳои иштирокдорони чорабинӣ қайд карда шуд, ки 79 нафар хонандаи ноҳия дар олимпиадаи фаннии мактаббачагон барои синфҳои 9-10 фаъолона ширкат намуда, 28 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои намоён гардидаанд.

-Дар олимпиадаи минтақавии хонандагон барои синфҳои 11 42 нафар хонанда иштирок дошта, аз инҳо 13 нафар соҳиби ҷойҳои 1, 2, 3 ва 9 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба солҳои пеш бамаротиб зиёд аст,-қайд кард мудири маорифи ноҳия М.Шарипова. – Аз рӯйи натиҷаҳои бадастомада дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ноҳияи Шаҳринав дар миёни ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ҷои дуюм қарор дорад, ки ин боиси ифтихор аст.

Дар рафти чорабинӣ хонандагоне, ки дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд, бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илм, сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Инчунин, волидайни хонандагоне, ки фарзандонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби медал гардидаанд, аз ҷониби раиси ноҳия бо ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд ва ҳамзамон, омӯзгорони ин хонандагон низ бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм ва дигар туҳфаҳои таъсиснамудани шуъбаи маориф сарфароз гардонида шуданд.

Намоиши дастовардҳои хонандагон, ки қабл аз чорабинӣ ба маърази тамошо гузошта шуд ва барномаҳои фарҳангӣ, ки иборат аз рақсу суруд ва композитсияҳои адабӣ буду аз ҷониби хонандагон иҷро карда шуд, хотири иштирокдоронро болида гардонид.