Дар Душанбе 70-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардид

30-10-2018
Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 70-солагии ин боргоҳи илму маърифат маҷлиси бошукӯҳ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идора ва муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат, ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ иштирок намуданд.
Маҷлиси тантанавиро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ифтитоҳ намуда, паёми табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати ин санаи таърихии донишгоҳ ба самъи иштирокдорон расонид, ки дар он, аз ҷумла омадааст:  «Дар тӯли фаъолияти худ донишгоҳ ба яке аз муассисаҳои пурқуввати мамлакат табдил ёфта, онро даҳҳо ҳазор нафар хатм намуданд, ки хизмати ҳар яки онҳо дар рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеаи кишвар арзишманд мебошад…
Итминон дорам, ки олимону устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон минбаъд низ дар ҷодаи омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сидқан талош карда, барои пешрафти Ватани азизамон хизмати шоиста ба анҷом мерасонанд».
Паёмҳои табрикӣ инчунин аз номи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ,  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ректорони муассисаҳои олии касбии мамлакат ва дигарон ба муносибати 70-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, ки замоне ректории ин донишгоҳро ба уҳда дошт, дар ҷамъомад гуфт: «Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун нахустин Донишгоҳи ҷумҳурӣ дар тӯли фаъолияти пурсамари худ ба яке аз марказҳои азими таълимиву илмӣ табдил ёфтааст. Пажӯҳишҳо ва озмоишҳои ин даргоҳи илму маърифат на танҳо дар Тоҷикистон ва мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, балки дар кишварҳои Америка, Аврупо ва Осиё низ эътибори хосса пайдо намудаанд.
Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, 62 фоизи муаллифони китобҳои дарсӣ барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейҳои касбӣ, коллеҷҳо ва донишкадаву донишгоҳҳои мамлакат устодону донишмандони ДМТ мебошанд. Ин шумора аз нисф зиёди муаллифони китобҳои дарсиро ташкил медиҳад. Бештар аз 53,1 фоизи омӯзгорони штатии донишгоҳ дорои унвонҳои илмӣ мебошанд, ки яке аз нишондиҳандаҳои аввалин ва беҳтарин дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳатто берун аз он мебошад».
Дар Паёми табрикии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки муовини раиси шаҳр Мавсума Муинӣ ба самъи иштирокдорон расонид, чунин гуфта шудааст: «Таҳлили дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон собит намуд, ки тайи солҳои охир бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва истиқрори сулҳу ваҳдат дар мамлакат, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар партави сиёсати созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муташаккилона фаъолият намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Саҳми Донишгоҳи миллӣ дар самти татбиқи сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумати мамлакат хеле назаррас буда, нақши он дар тарбияи шахсиятҳои сиёсату иқтисод, илму фарҳанг ва дигар бахшҳои ҷомеа басо назаррас маънидод мегардад. Аз қуллаи тантанаҳои ҷашнӣ ва фаъолияти 70-солаи Донишгоҳ  ба дастоварду пешравӣ ва имкониятҳои мавҷуда назар андохта, бо ифтихору сарфарозӣ метавон  гуфт, ки дурнамои рушди ҷумҳуриямон умедбахш буда, мардуми шуҳратёри он дар атрофи сиёсати воқеиву дурандешонаи Пешвои миллат муттаҳид гардида, бо дастовардҳои боз ҳам бештар сатҳи зиндагии мардум ва мақоми давлати тоҷиконро дар арсаи ҷаҳон баландтар мебардорад».
Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зикр намуд, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар замони Истиқлолият мактабҳову равияҳои хоси илмӣ дар соҳаҳои химия, биология, геология, физика, математика, педагогика, фалсафа, ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ, шарқшиносӣ,  филология, журналистика ва дигарон ташаккул ёфтанд, ки шогирдони ин мактабҳо на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар берун аз он низ тавонистанд соҳиби мавқеи шоиста гарданд.
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода  зикр намуд, ки донишгоҳ дар тарбияи кадрҳои гуногунсоҳаи мамлакат нақши муҳим ва назаррас дорад.
«Он ҳам дар гузаштаву ҳам имрӯз дар садри муассисаи илмиву таълимии олии мамлакат буд ва хоҳад монд. На танҳо хатмкардагони ин даргоҳ, балки бояд ҳар як хурду бузурги мамлакат ифтихор дошта бошад, ки ин даргоҳи муқаддаси маънавӣ имрӯзҳо ҷашни ҳафтодсолагии худро таҷлил менамояд. Имрӯз дар кишварамон хонадоне нест, ки ягон пайванду алоқамандие ба Донишгоҳи миллӣ надошта бошад. Махсусан мақоми миллӣ пайдо кардани он дар замони истиқлол ба ин ҳукми мо гувоҳ аст. Ҳафт даҳсоларо паси сар кардани донишгоҳ маънии онро дорад, ки ин таълимгоҳи муҳташами илму маърифат дар тарбияи чандин насл нақш гузоштааст»,-илова намуд Муҳаммадюсуф Имомзода.
Номбурда аз он ёдовар шуд, ки 24 октябри соли 2008 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар суханронии худ ба муносибати 60-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чунин гуфтанд: «Ин боргоҳи илму маърифат ҳамчун яке аз марказҳои бузурги таълиму тарбияи кадрҳои миллӣ дар рушди илму маориф ва фарҳанги кишвари соҳибистиқлоли мо нақши хосса ва бузург дорад. Зеро ҳоло дар кишварамон соҳае нест, ки дар он хатмкардагони донишгоҳ фаъолияти пурмаҳсул надошта бошанд.
… Аз ҷумла ман низ хатмкардаи ҳамин боргоҳи маърифат ҳастам ва аз ин ифтихор дорам».
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар донишгоҳ зиёда аз 24 ҳазор донишҷӯ дар шуъбаҳои рӯзонаву ғоибона таҳсил доранд ва ҳудуди 2 ҳазор нафар устодони дорои дараҷаҳои гуногуни илмӣ ба онҳо дарс мегӯянд.
Дар фарҷом ҳунармандони Ансамбли халқии «Наврӯз»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо барномаи консертӣ баромад намуданд.
 АМИТ Ховар