Дар Душанбе озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон» оғоз гардид

10-01-2018
Имрӯз дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» оғоз гардид.
Озмуни мазкур бо мақсади дарёфт ва дастрас гардонидани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарғиби навҷӯию эҷодкорӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии мураббиёни муассисаҳои томактабӣ аз 10 то 12 январ  идома меёбад.
Дар озмун  муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ зикр кард, ки ҳамасола дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян кардани омӯзгори пешқадами ҷумҳурӣ, омӯзгори навовар, омӯзгори эҷодкор ва дар ин замина, ҷиҳати дарёфти таҷрибаи пешқадами мураббиён ҳамасола тибқи низомнома озмуни омӯзгор ва мураббии сол баргузор мегардад. Ин озмунҳо аз рӯйи шартҳои муаррифии фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбии мураббия, суҳбат, машғулияти таълим, таҳлили ҳолатҳои равонӣ-педагогӣ, тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости довар сурат гирифта, иштирокдорон ҳунару маҳорат ва донишу малакаи худро нишон медиҳанд.
Доктори илмҳои педагогӣ Бибиҳафиза Маҷидова зимни суҳбат иброз намуд, ки дар озмуни мазкур панҷ нафар ғолибони даври дуюм аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок доранд ва онҳо самтҳои гуногуни фаъолияти кормандони муассисаҳои томактабиро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор медиҳанд.
«Дар навбати аввал иштирокчиёни озмун  роҷеъ ба фаъолияти педагогии хеш ҳисоботи эҷодӣ пешниҳод мекунанд. Зимни он ҳар кадоме дар бораи афзалиятҳои ин ё он роҳу усулҳои таъсиррасонӣ, ки дар тачрибаи амалии худ истифода мебаранд, маълумот медиҳанд»,- афзуд Бибиҳафиза Маҷидова.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, шарти дигари озмун донистани хуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва барномавӣ–методӣ мебошад, ки кормандони муассисаҳои томактабӣ онҳоро сармашқи кори худ медонанд ва донистани ин ҳуҷҷатҳо ифодагари сатҳи дониши сиёсию касбии онҳо мебошад. Муҳимтарин шарти озмун, ки пешниҳод гардидааст, баргузории суҳбати «мизи мудаввар» мебошад, зеро ба ғайр аз машғул будан ба кори таълиму тарбия, ҳар як иштирокчии озмун бояд оид ба ташкилу баргузории корҳои методӣ тасаввурот ва маҳорату малака дошта бошад.
АМИТ Ховар