Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ду муассисаи таҳсилоти томактабӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд

28-12-2018
 27 декабр  дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баъди  навсозӣ 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ   мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
  Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили    30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат  ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бунёду навсозии иншооти гуногунсоҳа бо маром идома доранд ва бунёди муассисаҳои таълимии мазкур аз ҷумлаи онҳост.
Навсозии бинои иловагии кӯдакистони №56-и ноҳияи Сино  моҳи апрели соли равон оғоз гардида, дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир ба анҷом расонида шудааст. Қаблан дар  ин муассисаи томактабӣ  160 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешуд. Баъди бунёди бинои дигар дар муассисаи мазкур  барои 280 нафар хонанда шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст. Фармоишгари лоиҳа Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе буда, корҳои сохтмониро дар асоси лоиҳаи ҶДММ «Неъматуллоҳ-2009», ҶДММ «Болҳои Сафед» бо маблағи беш 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ анҷом додааст.
Бинои кӯдакистон аз 2 ошёна, аз ҷумла, 4 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳои бозии кӯдакон ва иншооти дигари ёрирасон иборат буда, бо ҷиҳозу лавозимот ва дигар шароити зарурӣ таъмин карда шудаанд.
Инчунин дар доираи навсозии иншоот дар саҳни кӯдакистон 12 айвонча, майдончаҳои бозию дилхушӣ ва ҳавзи шиноварӣ бунёд гардидаанд.
Дар расми ба истифода супоридани иншооти мазкур намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва роҳбарияти муассисаи томактабии мазкур иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки бо инобати таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таълиму тарбияи насли наврас, масъулин ва кормандону мураббияҳои кӯдакистон баҳри баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода баранд.
Иншооти дигаре, ки имрӯз баъди навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, Муассисаи таҳсилоти томактабии №18-и ноҳияи Сино мебошад.
Муассисаи  мазкур аз иншооти гуногун, аз ҷумла, 14 ҳуҷраи хоб барои  кӯдакон, 14 ҳуҷраи бозӣ, утоқҳои либоскашӣ, машқу таълими мусиқӣ ва гимнастика, гӯшаи табибон ва иншооти дигари ёрирасон иборат мебошад.
Фармоишгари лоиҳа Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе буда, он аз ҷониби ҶДММ «Шаҳрофарин» таҳия карда шудааст. Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби иншоотро Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Балх-2015» бо харҷи қариб 8 миллион сомонӣ анҷом додааст.
Дар доираи корҳои сохтмонӣ саҳни муассисаи томактабӣ низ пурра навсозӣ гардида, дар ҳудуди он 22 айвонча ва гӯшаҳои сершумори бозию дилхушии кӯдакон сохта шудааст. Инчунин дар ҳудуди муассиса масоҳати беш аз 7100 метри мураббаъ  ба майсазор  табдил дода шудааст.
Дар доираи навсозии муассиса дар он ҳавзи шиноварии барои оббозии кӯдакон дар тамоми фасли сол мутобиқ бунёд гардидааст.
Тибқи иттилои масъулин, баъди навсозии муассиса баҳри ба таълиму тарбия фаро гирифтани 320 нафар кӯдакон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.