Дастоварди навбатӣ

24-07-2017
Аз 12 то 23 июли соли 2017 дар шаҳри Рио де Жанейрои Ҷумҳурии Бразилия Олимпиадаи ҷаҳонӣ «58th IMO 2017» аз фанни математика баргузор гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро 6 нафар хонанда муаррифӣ намуданд.
Дар он аз 100 давлати дунё хонандагон иштирок карда, мактаббачаҳои тоҷик тавонистанд бо гирифтани 3 медали биринҷӣ ва се ифтихорномаи фахрӣ Парчами Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳон баланд бардоранд.
Бобоев Муҳаммадҷон аз Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе, Хонҷонов Наимҷон ва Абдуллоев Комрон аз Муассисаи таълимии хусусии Литсей-интернати Тоҷикистону Россия «Ҳотам ва П.В» сазовори медали биринҷӣ гардиданд.
Инчунин, аз 16 то 24 июли соли 2017 дар шаҳри Ёгякартаи Ҷумҳурии Индонезия Олимпиадаи ҷаҳонӣ «48th IPhO-2017» аз фанни физика баргузор гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро 5 нафар хонанда муаррифӣ намуданд.
Дар олимпиадаи мазкур аз 87 давлати дунё хонандагон иштирок намуданд. 
Дар ҷамъбасти олимпиада хонандагони тоҷик бо сазовор гардидани 2 медали биринҷӣ ва 1 ифтихорномаи фахрӣ дастёб гардиданд.
Абдураҳмонова Сабина аз Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе ва Пиров Далер аз Муассисаи таълимии хусусии Литсей-интернати Тоҷикистону Россия «Ҳотам ва П.В» сазовори медали биринҷӣ гардиданд.
Дар маҷмӯъ,  аз аввали соли 2017 хонандагони тоҷик ба ватан 99 медал (14 медали тилло, 35 медали нуқра, 50 медали биринҷӣ) оварданд.