Диният ва дунявият: воқеият ва дурнамо

05-12-2017
Масъалаи диният ва дунявият дар доираи илмҳои фалсафӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ матраҳ аст. Диният ба забони сода, тасаллути ҳукумати динӣ бар ниҳодҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ аст, ки дар шакли истилоҳӣ, аз он ба унвони «клерикализм» ёд мекунанд. Ба сухани дигар, дин ва мазҳаб дар умури давлатӣ ва иҷтимоӣ дахолат карда, ташкилоту созмонҳои динӣ дар ҳудуди давлат ва ҳукумат аз нуфузи зиёд бархӯрдоранд. Дар системаи клерикалӣ-динӣ на қонунҳои дунявӣ, балки шаръи илоҳӣ ба унвони меъёри сохторӣ ва давлатӣ мавриди амал қарор мегирад. 
Дунявият ё ба истилоҳ, «секуляризм» (аз калимаи лотинии saecularis ба маънои дунявӣ, инҷаҳонӣ) дар чанд маъно истифода мешавад: якум, ба маънои бадалшавии моликияти ибодатгоҳҳои динӣ ба дунявӣ, дуюм, мусодираи амволи муассисаҳои динӣ ва интиқоли онҳо ба ҳукумати дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва севум, аз фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва зеҳнӣ озод намудани таъсири дин. Ба ин тариқ, секуляризм ё дунявият чизеро аз таъсири калисо баровардан ва ба муассисаҳои шаҳрвандӣ супурдан ва аз таъсири калисо раҳо карданро ифода мекунад. Клерикализм (аз вожаи лотинии klericalism ба маънои калисоӣ далолат карда, ҷараёни сиёсии иртиҷоиро ифода менамояд, ки ҳадафаш дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангӣ афзудани таъсири дин мебошад) моҳиятан дар муқобили секуляризм қарор дорад. Аз ин ҷост, ки сохти сиёсии демократӣ ва дунявӣ динро ҳамчун унсури давлатсозӣ намепазирад. Давлат ва ҳукумати дунявӣ аз таҷриба ва далоили таърихӣ медонад, ки дину мазҳаб дар қолаби калисо ва минбару масҷид алайҳи рӯшангарону озодандешон шӯрида, мардумро таҳти тасаллути мазҳаб қарор дода, зулму истибдодро ба сифати меъёри сиёсати давлатӣ дунбол мекунанд. Аксари кулли мардуми кишварҳои ғарбӣ аз низоми сиёсии дунявӣ пайравӣ карда, тайи солҳои тӯлонӣ дар ин сохтори сиёсӣ –дунявӣ умр ба сар бурдаанд ва ҷомеаи урупоӣ дунявиятро ба унвони беҳтарин сохт ва намунаи зиндагӣ пазируфтаанд. 
Аз таърих медонем, ки ба сабаби камогоҳӣ ва ҷаҳолатпарастӣ дар Шарқи мусулмонӣ дар асрҳои миёна хирадситезӣ дар фазою муҳити иҷтимоӣ ҳукмфармо буд. Хирадситезӣ ибтидо дар маркази хилофати динӣ - Бағдод рӯйи кор омада, минбаъд Ғазнавиёну Салҷуқиён ва дигар сулолаҳои туркӣ-муғулӣ онро идома доданд. Таърихи иҷтимоии кишварҳои исломӣ баёнгари он аст, ки давлат ва ҷомеаҳои исломӣ, аксаран дар вартаи ҷаҳлу ҷаҳолат қарор доштанд. Ба унвони намуна метавон гуфтаи сайёҳи франсавӣ Волнейро овард, ки дар садаи ҳаждаҳуми мелодӣ аз Миср дидан намуда, таассуроташро ин тавр ироа кардааст: «Ҷаҳл дар ин шаҳрҳо ому шоеъ аст. Ин шаҳрҳо монанди ғолиби билоди Усмонӣ (Туркия) аст, ки ҷаҳл дар миёни ҳамаи табақоти онҳо русухи комил дорад ва илму адабу ҳунару саноеъ дар онҳо ба баситтарин ва ибтидоитарин сурате боқӣ мондааст, чунонки агар соати шахсе хароб шавад, касеро наметавон ёфт, ки онро дуруст кунад, магар он ки бегона бошад».   
Имрӯз ҳам ҷангу даргириҳое, ки дар Ховари Миёна ҷараён мегиранд, бозгӯкунандаи онанд, ки дунявият дар миёни мардуми ин минтақаҳо ба таври зарурӣ ҷойгоҳ пайдо накардааст. Табиист, ки аз ин вазъият рӯҳониёни муҳофизакор васеъ истифода мебаранд ва мардумро ба вартаи гумроҳӣ мекашанд. Бинобар ин, давлати дунявӣ ва низоми демократӣ имкони пазириши мардумро новобаста ба дин, мазҳаб, нажод, миллат, ақида, мафкура, андеша ва тафаккур дорад ва муҳимтар аз ҳама, ба ҷомеа шароити интихоби озоди қабулу дарки андеша ва тавсифу интиқоди мунсифонаи ҳар гуна афкорро фароҳам меоварад. Дар давлати динӣ-мазҳабӣ ин падидаи асосӣ ва ҷавҳарӣ вуҷуд надорад ва имкони интихоби озод зери суол аст.   
Вазъи имрӯзаи сиёсӣ ва геосиёсӣ осебпазирии ҷомеаҳои мазҳабӣ ва давлатҳои динӣ-теократиро рӯшан нишон медиҳад. Маҳдудиятҳои фикрӣ, идеологӣ ва илмӣ ин ҷомеа ва давлатҳоро, ки зери чатри низоми динӣ-мазҳабӣ зиндагӣ мекунанд, дар баробари воқеиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ камзарфият намудааст. Камзарфиятӣ ва камогаҳии мардум барои гурӯҳҳои муҳофизакор ва фурсатталаб имконият фароҳам меоварад, ки аз эҳсоси динии мардум роҳат истифода баранд ва онҳоро ба бозиҳои бемаънӣ даргир созанд. Нуқтаи заъфи ҷавомеи мазҳабӣ тафаккури баста, суннатӣ ва консервативии онҳост, ки имкони вуҷуд ва ҳузури манфиатҳои миллӣ ва инсониашонро ба сифр баробар мекунад. Гузашта аз ин, дар муддати сесад соли ахир, ислом ва ҷомеаи мусулмонӣ ба буҳронҳои дохилӣ ва берунӣ гирифтор шуд (пошхӯрии империяи Усмонӣ ва аз ҷониби хадамотҳои махсуси ғарбӣ мудохилакорӣ дар умури сиёсию иҷтимоии мамлакатҳои мусулмонӣ) ва сардамдорони динӣ ҷавоби ҳалли буҳронро дар бозгашт ба ислом ва суннати динӣ дарёфта, дар ин замина роҳи ҳалли мушкилоти печидаи диниро дар бозгашт ба «исломи ноб» талаққӣ намудаанд (мутаассифона, ин андеша имрӯз ҳам мадди назари раҳбарони созмонҳои сиррӣ ва ҳаракатҳои радикалии исломӣ қарор дорад), ки роҳи ифротишавӣ ва тундгаройии диниро барои насли ҷавон хамвор сохт. 
Боиси ифтихор аст, ки давлати миллии мо бисту шаш сол боз дар роҳи дунявият қадам мегузорад ва аз ин интихоби дурусту мантиқӣ мардуми тоҷик зараре надидааст, баръакс, тавассути ин низоми сиёсӣ ба масири тозаи зиндагӣ гом бардошта, ба сӯйи фатҳи қуллаҳои истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ ва маданӣ ҳаракат мекунад. Дар тасаввури дунявиён, ин дунё арсаи зиндагӣ ва фаъолиятҳои инсон, новобаста аз тааллуқоти ақидатӣ, идеологӣ ва динӣ-мазҳабӣ мебошад. Низоми сиёсии давлати дунявӣ бар баробарӣ ва тавозуни инсонҳо дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ, моддию маънавӣ асос ёфтааст… 
Ҳамин тариқ, таърих ва таҷрибаи инсонӣ системаи динӣ ва низоми сиёсии дунявиро дар тарозуи ақлу мантиқ баркашида, бартариятро ба дунявият вогузоштааст, зеро ки он бо илму дониши зинда ва муносиботи созандаи инсонҳо дар ҳавзаҳои зистӣ ороста шудааст. Бар асоси таҷрибаи таърихӣ ва усулу принсипҳои давлати дунявӣ раҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоӣ, фикрӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик саъю талош меварзад. Танҳо дар низоми давлати дунявӣ инсон ва дар маҷмӯъ, мардум ҷойгоҳи иҷтимоӣ касб карда, ҳуқуқи интихоби озодро пайдо менамояд. Ин аст, ки халқи тоҷик интихоби худро кайҳо кардааст ва дунявиятро ба сифати сохтор ва низоми хуби сиёсӣ, фикрӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ пазируфта, ин масирро муваффақона паймуда истодааст.
Н. Нуров