ЭЪЛОН БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018

19-02-2018
Ба диққати сардори сарраёсати маорифи шаҳри  Душанбе, сардорони раёсати маорифи вилоятҳо, мудирони шуъбаҳои маорифи  шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони  муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии  касбӣ робарони муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки ҷиҳати иштирок дар озмун барои дарёфти Ҷоизаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ба Вазорати маориф ва илм то 1 марти соли 2018 номзадҳои худро пешниҳод намоед.
 
Ҳуҷчатҳои зарурии пешниҳодшаванда барои довталабон:
 
 1.Тавсифнома оид ба фаъолияти меҳнатии номзад;
 2.Нусхаи варақаҳои аттестатсионӣ ва баҳодиҳӣ (барои муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ);
 3.Мактуб оид ба пешниҳоди номзад барои дарёфти ҷоиза;
 4.Қарори комиссияи озмунӣ оид ба пешниҳоди номзад;
 5.Қарори мушовара, шӯрои педагогӣ, шӯрои олимон (замимаи 1); 
 6.Протоколи комиссияи баҳисобгирии овоздиҳии пинҳонӣ (замимаи 2);
 7.Маълумоти анкетавӣ барои номзад (объективка);
 8.Маводи иловагӣ доир ба фаъолияти номзад (рӯйхати корҳои таълимию методӣ ва илмӣ);
9.Нусхаи шиноснома;
10.Ду дона акси рангаи 3х4;
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, телефонҳо: 221-37-65, 227-67-07.
Қабули ҳуҷҷатҳо ҳар рӯз аз соати 1400 то 1700 дар раёсати кадрҳо ва корҳои махсус, ҳуҷраи 400, 412.