Фаъолияти вазорат

11-07-2017
8 июли соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, сардори раёсати илм ва маърифати  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода, муовини аввал ва муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони идораҳои дахлдор, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, роҳбарони муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, сардорон ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии мамлакат ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввали соли 2017 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид роҷеъ ба масъалаи мазкур маърӯза карда, дар оғоз иброз дошт, ки дар доираи дас-туру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Нақшаи кории вазорат дар шаш моҳи сипаришуда як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, лоиҳаҳои Барномаи рушди соҳаи таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таъ-лимӣ барои солҳои 2018-2022 ва Барномаи давлатии татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода ва барои мувофиқа ба вазорату кумитаҳои марбутаи давлатӣ  ирсол гардид. Қайд гардид, ки гузариш ба муносибатҳои нави таълимӣ дар доираи вазифаҳои Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020 идома дошта, дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ анҷом ёфтааст. Дар синфҳои 5 ва 6 низ аз фанҳои забони модарӣ ва математика озмоиш ба анҷом расида, дар ҳолати натиҷагирӣ қарор дорад. Дар назар аст, ки шурӯъ аз соли таҳсили 2017-2018 омӯзиши фанҳои математика, забони модарӣ ва технологияи меҳнат дар доираи таълими босалоҳият ба роҳ монда шавад. Дар ин самт курсҳои омӯзишӣ дар саросари ҷумҳурӣ аз аввали моҳи июл ба роҳ монда шуда, теъдоди зарурии омӯзгорон ва кормандони соҳа ба омӯзиш фаро гирифта хоҳанд шуд. 
Нуриддин Саид таъкид намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ рафти иҷрои Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Аз 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ танҳо дар 19 шаҳру ноҳия муассисаи таълимии томактабии хусусӣ таъсис дода шудааст. Мутаассифона, дар 49 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ нақшаи барномаи мазкур умуман иҷро нагардидааст, ки аз беаҳамиятии масъулини иҷрои барномаи мазкур - мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ ва раёсату шуъбаҳои маориф гувоҳӣ медиҳад.
Вазири маориф ва илм инчунин иброз дошт, ки соли таҳсили ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 9 Мактаби Президентӣ ва 6 литсей барои хонандагони болаёқат фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои таълимии мазкур 7911 хонанда, аз ҷумла 2211 духтар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Пас аз мутамарказ гардидани озмуни қабул ба муассисаҳои мазкур хонандагони болаёқат бештар ҷалб шудаанд. Натиҷаи санҷиши кори тестии хонандагон муайян намуд, ки азхудкунии барномаҳои таълимӣ ва сифати таҳсилот дар мактабҳои Президентӣ ва литсейҳои барои хонандагони  болаёқат дар маҷмӯъ, 89,5 ва 71,9%-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба сатҳи миёнаи ҷумҳурӣ баланд мебошад. Санҷишҳои дар се соли охир гузаронида аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагон ва сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ сол ба сол беҳтар шуда истодааст.
Нуриддин Саид дар мавриди пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, муноқишаҳои байни хонандагон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва равияҳои динӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таъкид кард, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида,  амалӣ гардидани он зери назорати ҷиддӣ қарор дорад. Бо вуҷуди ин, дар 5 моҳи соли 2017 аз тарафи ноболиғон 304 ҷиноят содир гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта (358) 54 ҳолат ё 15 дарсад кам мебошад. Ба андешаи вазир дар ин самт ҳамкории  сохторҳои дахлдор бо оила муҳим буда, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бояд таъмин карда шавад.
Ба таъкиди Нуриддин Саид, масъалаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ ҳалли худ-ро ёфтааст, вале компютерҳои таъмирталаб сол ба сол зиёд мешавад, ки ин ташвишовар мебошад. Сабабҳои таъмирталаб гардидани компютерҳо бемасъулиятии мутасаддиёни соҳа ва норасоии маблағ ҷиҳати таъмиру харидории таҷҳизоти техникӣ мебошад. Вақти он расидааст, ки сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф барои аз эътибор соқит кардани компютерҳои куҳна ва харидории таҷҳизоти муосир чораандешӣ намоянд. Ҳамчунин, то имрӯз 1706 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ба шабакаи интернет пайваст карда шудаанд, ки қисми зиёди онҳо ба воситаи WiFi ва модем фаъолият менамоянд. Бояд қайд намуд, ки истифодаи технологияи нави муосир на дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дуруст ба роҳ монда шудааст. Тибқи таҳлилҳо на ҳамаи омӯзгорон дар раванди таълим аз технологияи муосир истифода мебаранд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҷиҳати рафъи камбудии мазкур тадбирҳои муҳим андешида шавад. Ҳамзамон, дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ теъдоди тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо кам мебошад. Қисме аз омӯзгорон ғайриихтисос буда, ба тафаккури техникии донишҷӯён таъсири манфӣ мерасонанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ масъалаи мазкур ҳалли худро ёфта бошад ҳам, аммо на ҳамаи кафедраҳо ва шуъбаҳо пурра ба шабакаи интернет пайваст  гардидаанд.
Дар мавриди вусъат бахшидани ҳаракати олимпӣ мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешавад. Вобаста ба ин вазири маориф ва илм қайд кард, ки  шаклҳои гуногуни олимпиада, аз ҷумла олимпиадаҳои фаннӣ, даставӣ ва номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, олимпиадаи даставии хонандагони мактабҳои Президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат ба роҳ монда шудааст. Натиҷаи ҷамъбасти олимпиадаҳои ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таълимии умумии ҷумҳурӣ дар соли 2017 нишон дод, ки дар онҳо 1102 нафар хонанда иштирок намуда, 205 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ (54 медали тилло, 54 нуқра, 97 биринҷӣ) гардиданд. Инчунин, давоми нимсолаи аввали соли 2017 хонандагони тоҷик дар 10 олимпиадаи байналмилалӣ иштироки фаъолона намуда, сазовори 87 медал (14 медали тилло, 33 медали нуқра, 40 медали биринҷӣ) гардиданд.
Аз ҷониби вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, ҳамчунин, фаъолияти мактаб-интернатҳо ва шароити мусоид фароҳам овардан ба тарбиятгирандагон, вазъи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва фаро гирифтани хонандагон ба лагерҳои беруназшаҳрӣ, наздимактабӣ, истироҳатию меҳнатӣ, варзишию солимгардонӣ ва  таълимӣ-фароғатӣ, расонидани кумаки методӣ ба муассисаҳои таълимии кишвар, таҳия ва ташхиси  нақшаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогӣ ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо дастурҳои таълимию методӣ ва китобҳои дарсӣ,  такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, масъалаҳои марбут ба зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла, қабули довталабон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ,  фаъолият дар мавриди корҳои илмӣ ва инноватсионӣ, ҳамкориҳо самти муносибатҳои байналмилалӣ ва ба хориҷи кишвар ба таҳсил фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон, сохтмону таъмир ва азнавсозии иншооти соҳаи маориф, вазъи обунаи нашрияҳои соҳаи маориф ва вусъат бахшидани корҳои таблиғотӣ ҷиҳати обунаи нашрияҳо барои соли 2018, таҷлили ҷашнҳои 20-солагии Ваҳдати миллӣ, Соли ҷавонон ва дар ин замина баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ  мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтаанд. 
Дар идомаи ҷаласа Маҳ-мадалӣ Азизӣ - сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Ҳайдар Одиназода - ректори ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, Маҳтоббӣ Одинаева намояндаи Вазорати савдо ва рушди иқтисод фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нимсолаи аввали соли 2017 қаноатбахш арзёбӣ карда, дар баробари фаъолияти муассисаҳои зикршуда оид ба вусъат бахшидани ҳамкориҳо як қатор пешниҳодҳо ироа доштанд. 
Сардори раёсати илм ва маърифати  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода низ аз фаъолияти Вазорати маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ кард ва ҳамзамон, бо ишора ба ислоҳи базе аз камбудиҳо изҳор дошт, ки   моро зарур аст ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди рушди соҳаи маориф ва илм боз ҳам бештар талош варзем.
Дар робита ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. 
Дар анҷом вазири маориф ва илм Нуриддин Саид ба роҳбарияти ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид барои баргузории ҷаласа ва пазироии гарми меҳмонон изҳори миннатдорӣ кард.
“Омӯзгор”