Гул шукуфту гашт олам лолазор

13-02-2018
Тоҷикон бо ҷашнҳои фархундаву пурмазмуну пуршукӯҳи худ дар саросари ҷаҳон овозадору ифтихорманданд. Яке аз бузургтарину бостонитарин ҷашнҳои тоҷикон, ки аҳли дунёро бо ҳусну тароват ва муҳтавои ғаниаш мафтун кардааст, ҷашни Наврӯз мебошад, ки он ҳар сол бо фарорасии фасли баҳор, дар оғӯши ин фасли ҳусноро таҷлил мешавад.
Ҷашни дигари тоҷикон-Сада, ки низ дар айёми соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ эҳё шудааст, дар нимаи дуюми фасли зимистон таҷлил мегардаду аз омад-омади баҳор ва аз наздик омадани Наврӯз дарак медиҳад.
Мардуми мо табиатан зебоипарасту некоинанд ва дар оғӯши сармои зимистон ҳамеша дар дил нияти расидан ба Баҳори ҳуснорою Наврӯзи оламафрӯзро мепарваранд, аз дарки шамими Наврӯз ва оғози фасли ҳуснрез самимона шодмонӣ мекунанд, шукр мегӯянд, ки аз қабзаи сармо раҳиданду ба канори нарму гарми баҳор расиданд. Ин шукронаи халқи тоҷик дар садҳо сафҳа эҷодиёти мардумӣ сабт ёфтааст. Ин қитъаи пуршодӣ аз ҳамин силсила мебошад:
Наврӯз расиду шоду хуррам гаштем,
Аз рафтани дай ҷумла беғам гаштем.
Дидему шунидем басо меҳнату ғам,
Охир ба гули баҳор ҳамдам гаштем.
Воқеан, тараннуму ситоиши Наврӯз ҳам дар фолклор ва ҳам дар адабиёти хаттӣ ҷойгоҳе густурда дарад. Наврӯзиҳои халқии тоҷикӣ бештар дар ашколи дубайтиву рубоӣ, қитъа ва байт гуфта шудаанд ва хеле зебою самимию хотирмонанд. Дар наврӯзияҳо тавсифи рангрезиҳои табиат, нишоти гулу булбул, кайфияти ошиқон, инъикоси манзараҳои дилчасп, обҳои равону хурӯшон, тасвири лаҳзаҳои кори саҳроӣ ва амсоли инҳо мавқеи марказӣ доранд. Чунонки медонем, Наврӯз ҷашнест пур аз маросимҳои гуногун ва пурмаънӣ. Ҷуфтбаророн, ҳашарҳои ободонӣ, ниҳолши-нонӣ, суманакпазӣ, оростанихон, намоиши осори ҳунармандӣ, баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ, давраороиву сурудхонӣ аз ҷумлаи ин маросимҳоянд. Ҳамаи маросимҳо ҳамбастагӣ бо шеър, бо каломи рангину дилнишин доранд.
Фасли Наврӯз асту айёми баҳор,
Гул шукуфту гашт олам лолазор.
Дашту саҳро сабзу хуррам мешавад
Аз насими фораму бӯӣ баҳор
Муҳимтар аз ҳама расму оинҳои Наврӯзӣ, сурудаҳои наврӯзӣ ифодагари ҳаётдӯстию болидарӯҳии мардуманд, собит месозанд, ки халқи тоҷик аз азал пайванди ҳамешагӣ бо орзуву омоли нек, бо накукориву хушсуханӣ доранд, ба зебоӣ ва ҳусну тароват арҷ мегузоранд.
Мо, омӯзгорон, бояд аз ин ҳама ҳусусиёти мусбии умдаи ҷашни Наврӯз пурсамар истифода барем ва дар заминаи онҳо дар машғулиятҳои гуногунамон шогирдонро дар рӯҳияи ватандӯстию миллатпарастӣ ва дарки олами зебоӣ тарбия намоем.

             
Муҳаббат ПИРИЕВА, 
омӯзгори математика