Хонандагон ҳунарҳои мардумӣ меомӯзанд

06-03-2018
Раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда истодаанд. Баргузории намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаҳои таълимӣ нишон медиҳад, ки омӯзгорону хонандагони мактабҳо тавонистанд ҳунарҳои мардумиеро, ки кайҳо аз хотири мардум фаромӯш шудаанд, барои эҳёи онҳо кӯшишу талошҳои зиёде намоянд. Директори муассисаи таълимии №51 Маҳмадулло Шарифов иброз дошт, ки дар шаҳри Кӯлоб зиёда 65 намуди ҳунарҳои мардумӣ маъмулу маълум аст. Сарвиноз Абдурасулова, ҷонишини директори мактаб иброз дошт, ки мо – омӯзгоронро мебояд, баробари таълими фанҳои асосии таълимӣ, инчунин, омӯзиши  ҳунарҳои мардумӣ барои духтарон (чакандӯзӣ, шерозбофӣ, тоқидӯзӣ, қуроқдӯзӣ,ҷӯроббофӣ) ва барои писарон (кандакорӣ, дуредгарӣ, оҳангарӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ, табақтарошӣ асбобҳои мусиқӣ)–ро ба роҳ монем.