Хонандагони тоҷик аз Руминия 10 медал оварданд

03-05-2017

 Аз 27 апрел то 1 майи соли 2017 дар шаҳри Бухарести Ҷумҳурии Руминия Олимпиадаи байналмилалии лоиҳавӣ «INFOMATRIX-2017» аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид, ки дар он  10 нафар хонандаи болаёқати муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар он аз 45 давлати дунё хонандагон 359 лоиҳа пешниҳод карда, дар ҷамъбаст 2 нафар хонандаи тоҷик сазовори  медали тилло, 2 нафар сазовори медали нуқра ва 6 нафар сазовори медали биринҷӣ гардида, Парчами Тоҷикистони азизамонро дар арсаи ҷаҳон баланд бардоштанд.

Натиҷаи ҷамъбасти олимпиада нишон дод, ки хонандагони Муассисаи давлатии таълимии «Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони лаёқатманди Ҷумҳурии Тоҷикистон» Алиев Мирзоалӣ ва Ҷонмаҳмадов Ориёншоҳ бо пешниҳоди як лоиҳа сазовори медали тилло, аз Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе Мирзораҷаб Раҷабов ва Сорбон Набиев бо пешниҳоди як лоиҳа сазовори медали нуқра, Анушервон Зубайдуллозода, Саддамбек Бобоев аз Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе, Ҳамза Норбеков, Асрор Асроров аз Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Турсунзода ва Заробиддинзода Мавзуна, Фарзона Бобоҷонова аз Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд сазовори медали биринҷӣ гардиданд.

Дар маҷмӯъ, аз аввали соли 2017 хонандагони тоҷик ба Ватан 73 медал (8 медали тилло, 29 медали нуқра, 36 медали биринҷӣ) овардаанд.