ИФТИТОҲИ КӮДАКИСТОНИ "ВАҲДАТ" ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

14-09-2020
   14.09.2020                                                       ноҳияи Мастчоҳ
   14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ-шаҳраки Бӯстон кӯдакистони хусусии “Ваҳдат”-ро ифтитоҳ карданд.
   Бинои нави  кӯдакистони хусусии “Ваҳдат” дуошёна буда, бо унсури миллӣ ва муосир бунёд гардидааст.
  Муассисаи хусусии томактабӣ дар доираи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанов сохта шудааст.
   Бо назардошти ҳуҷраҳои таълимию фароғатӣ ва мувофиқи стандарти таълим дар кӯдакистон имкон аст, ҳамарӯза қариб 200 нафар кӯдаки хуштолеъи даврони соҳибистиқлол ба таълиму тарбия фаро гирифта шавад.
   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия, ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, онро тӯҳфаи арзанда дар рӯзҳои таҷлил аз 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинони ноҳияи Мастчоҳ маънидод карданд. 
   Корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмон” иҷро гардида, имрӯз бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ ба фаъолият оғоз намуд.
   Мувофиқи лоиҳа муассисаи томактабӣ аз 8 утоқ барои гузаронидани дарс ва машғулиятҳо, 6 утоқи фароғатӣ, ҳуҷраҳои шустушуйӣ, инчунин толори варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
   Синфхонаҳои дарсӣ пурра бо мизу курсӣ, айёниятҳои дарсӣ ва дигар лавозимоти хониш муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Ҳуҷраҳои фароғатӣ ва хоби кӯдакон бошанд, бо рахти хоб ва дигар роҳаткурсиҳои замонавӣ таъмин карда шудаанд. Дар дохили кӯдакистон ҳавзи замонавии шиноварӣ низ сохта шудааст, ки яке аз бартариятҳои муассиса дар ноҳияи Мастчоҳ ба ҳисоб меравад.
   Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат ҷиҳати ба кор ҷалб кардани мураббияҳои соҳибихтисосу дорои маҳорату малакаи баланди муошират бо кӯдакон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия кардани насли ояндаи миллат ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
   Кӯдакистони “Ваҳдат” дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин муассисаи хусусии томактабӣ ба ҳисоб меравад. Бо бунёди бинои нави кӯдакистони хусусии “Ваҳдат” шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ба 12 адад расида, қариб 2 ҳазор кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. 
   Соҳибкорони баору номус ва боҳиммати ноҳияи Мастчоҳ сиёсати созанда ва дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар корҳои ободонию созандагӣ махсусан бунёди иншооти соҳаи маориф саҳми арзанда мегузоранд. Ин раванд дар амалӣ намудани ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳарчи бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ мусоидат менамояд.
   Ҷиҳати сайру гашт ва ба бозиҳои гуногун машғул шудани кӯдакон майдончаи замонавӣ, ки бо таҷҳизоти нави дилхушкунанда муҷаҳҳаз гардидааст мавҷуд аст.
   Бо мақсади сабзу хуррам гардондани саҳн ва атрофи бинои навбунёди кӯдакистони хусусии “Ваҳдат” дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст.
   Гузоштани нишастгоҳҳои замонавӣ ва айвончаҳо дар саҳни ҳавлии муассиса, имконият фароҳам меорад, ки кӯдакон фориғ аз таълим истироҳати худро комил гардонанд.
www.president.tj