Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ-туҳфаи Вазорати маориф ва илм ба сокинони пойтахт

14-08-2017
Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони «Дӯстии халқҳо»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, назди бинои 9 барои наврасон майдончаи варзишию истироҳатӣ ба истифода дода шуд. 
Корҳои лоиҳакашию сохтмонӣ аз ҷониби ширкати ПИТЛ «Душанбешаҳрсоз» тарҳрезӣ гардида, ба маблағи 116 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 1090 метри мураббаъба анҷом расонида шуданд. 
Дар маросими ифтитоҳии майдончаи мазкур муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини вазири маориф ва илм Фатҳиддин Усмонзода, раиси ноҳияи Шоҳмансур Н.Ҳакимзода ва сокинони маҳалла ширкат варзиданд. 
Ифтитоҳи иншооти мазкур дастгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар дар самти тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пештар бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пештар чунин як майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи 82, хиёбони Б.Ғафуров, назди биноҳои истиқоматии 73/4 ва 77/3 дар масоҳати 2520 метри мураббаъ сохта ба истифода дода шуда буд.