Кӯдакони хушбахти замон

09-06-2017

Бо ибтикори раёсати  маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Маркази таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар боғи фарҳангии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Мо кӯдакони хушбахти замонем»  бо иштироки кӯдакону наврасони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор гардид. Тибқи барномаи чорабинӣ меҳмонон аз намоиши расмҳои  кашидаи кӯдакон дар рӯи роҳи мумфаршшуда, корҳои  эҷодии муҳассилини муассисаҳои  томактабӣ, гимназия ва муассисаҳои таълимӣ аз қабили воситаҳои аёнии таълимӣ, корҳои дӯзандагии хонандагон дидан ва ба маҳорату қобилияти кӯдакону наврасон изҳори қаноатмандӣ карданд.  Сипас, меҳмонон мусобиқаи велосипеддавонии кӯдакони муассисаҳои томактабии шаҳри Кӯлобро бо завқ тамошо намуданд. Иштирокчиёни мусобиқаро раиси шаҳр ва меҳмонон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз намуданд. 

Шариф АБДУЛҲАМИД