Китобхона: масоили ҳалталаб зиёд аст

05-11-2018
Тарбияи фарзанд муҳимтарин рисолати волидайн ба ҳисоб рафта, аз нахустин рӯзҳои тавлиди инсон оғоз меёбад. Ташаккули шахсияти кӯдак дар муҳити хонавода ва хешовандони наздик шурӯъ мешавад. Ҳар яки мо таҷрибаи муайяни ҳаётӣ  дорем ва мушоҳида мекунем, ки имрӯз шароиту муҳити тарбия ба таври куллӣ тағйир ёфтааст.
Чунонки таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, аксаран падару модарон дар тарбияи фарзандони худ усулу равишҳои тарбияро, ки  пештар дар хонавода маъмул буд, пайгирӣ мекунанд. Дар тарбия, албатта, расму анъана муҳим аст, вале  иктифо ба онҳо кофӣ нест. Падару модар бояд аз баъзе усулу тадбирҳои педагогӣ воқиф бошанд, муҳимтарин назарияҳои муосири илми педагогика, психология ва физиологияро донанд. 
Педагоги машҳур В. А. Сухомлинский навишта буд: «Ман пайраҳаеро, ки ба қалби кӯдак мебарад, дида тавонистам». Бояд таъкид кард, ки барои ҳар як падару модар дарёфти маҳз ҳамин пайраҳа хеле муҳим аст. Нахуст бояд падару модарон ва минбаъд мураббиёну омӯзгорон бо кӯдакону наврасон дар бораи арзишҳои маънавии инсонӣ, нақши онҳо дар  ҳаёти  шахсият ва ҷомеа  суҳбатҳо намоянд. Ин гуна суҳбатҳо танҳо дар доираи панду насиҳатҳо не, балки тавре гузаронида шаванд, ки кӯдакро ба фикркунӣ  водор созанд ва дар натиҷа ӯ дар худ хислатҳои ҳамидаи инсониро ҷустуҷӯ ва пайдо кунад, ки ин як навъи худтарбиякунӣ ба шумор меравад. Чунин суҳбатҳои маънавиро волидайн  бо кӯдакон, одатан, дар давраи томактабӣ, дар асоси мутолиаи китобу тамошои филму афсонаҳо мегузаронанд. Агар онҳо пурмазмун, асоснок, шавқангез, бодалел ва дар заминаи мутолиа ва таҳлилу хулосабарорӣ анҷом дода шаванд, натиҷаи дилхоҳ ба бор хоҳанд овард.
Вазъияти иҷтимоӣ – фарҳангии Ватани азизамон аз ҳар як сокини баору номус, хирадманд ва дурандешу созанда тақозо мекунад, ки дар қалби фарзандону наздикони худ меҳри китобу мутолиаи онро пайваста парвариш  намояд. Имрӯз дар назди ҷомеа вазифаи дар ниҳоди  насли  ҷавон бедор кардани шавқу ҳаваси китобхонӣ ва аз ҷавҳари ақлонӣ, илмӣ ва маънавии китобҳои арзишманд баҳраманд гардондани онҳо қарор дорад. Зеро маҳз дар китобҳо, мутолиа ва таҳлили ҷиддии онҳо асрори ривоҷи истеъдодҳо ва ташаккули ахлоқу маънавиёти волои мардуми мо нуҳуфтааст. Ҳадафи асосии китобхонаҳои  мактабӣ  густариш бахшидани сатҳи маърифатнокии хонандагон мебошад. Бояд муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар роҳи аз бар намудани ҳади ақали донишҳои барномавӣ, мутобиқсозии онҳо ба ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити дахлдор дар интихоби бошууронаи касб, тарбияи шаҳрвандӣ, эҳтиром ба муҳити атроф, Ватан, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва монанди он дар иртибот ва тавъам бошанд. 
Дар шароити мунтазам афзудани маводи иттилоотӣ зарурате пеш омадааст, ки хонандагон бояд маҳорати истифодаи онро дошта бошанд. Ин бошад, пайваста такмил додани маҳорат ва малакаҳои истифодаи иттилоот-ро талаб мекунад. Дар чунин шароит китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ низ бояд фаъолияти худро ба талаботи замон мутобиқ созанд ва риояи ҳатмии истифодаи иттилоотро дар замири хонандагону донишҷӯён ташаккул диҳанд. 
Яке аз шартҳои муҳимтарини баланд бардоштани дараҷаи фаъолияти муассисаҳои таълимӣ истифодаи мақсадноки захираҳои иттилоотӣ, моддӣ, молиявӣ ва ҳамгироии низоми таҳсилот мебошад. Ин бошад, имконият медиҳад, ки китобҳои дарсӣ ва адабиёти таълимӣ - методии мавҷуда босамар истифода шаванд, феҳристҳои  ягонаи электронӣ, бонки ҳуҷҷатҳо оид ба фонди китобхонаҳои  муассисаҳои таълимӣ ташкил карда шаванд.
Бо ҳадафи ошкор намудани вазъи воқеии фаъолияти китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ  ба мақсад мувофиқ мебуд, агар марказҳои нашри китоб ва фонди китобии  муассисаҳои  китобхонавии назди муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии назди Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта шавад. Он имконият медиҳад, ки проблемаҳои ҳалталаби захираҳои китобхонавии соҳа ошкор ва барои ислоҳи он чораҳои дахлдор андешида  шавад. 
Имрӯз  маблағгузории  ночизи  китобхонаҳои  муассисаҳои таълимӣ ба коҳиш ёфтани фонди асосӣ ва таълимӣ боис гардидааст, 50 фоизи китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ бинобар бо феҳристҳои электронӣ таъмин набудан бо усули анъанавӣ амал мекунанд. Сатҳи пасти донишҳои компютерии кормандони  китобхонаҳои мактабӣ зарурати васеъ намудани марказҳои омӯзиши компютериро ба миён овардааст. Барои пешбурди ин соҳа ҳарчанд Ассотсиатсияи  китобхонаҳои мактабҳои олии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи китобхонаи бачагонаи Тоҷикистон ташкил ва як қатор чорабиниҳои дахлдор гузаронида шуда бошад ҳам, натиҷаҳо қаноатбахш нестанд. 
Имрӯз неруи педагогӣ ва китобхонаи мактабӣ ҳамчун муҳити иттилоотӣ – китобдорӣ, ки дар таълим ва тарбияи насли наврас таъсири калон доранд, ҳамаҷониба омӯхта шуда истодааст. 
Китобхонаи мактабӣ дар рафти фаъолияти худ ба бачагон усулҳои ҷустуҷӯ ва пайдо кардани иттилоот, таҳлил ва танқиди онро меомӯзад, дар онҳо салоҳиятмандиро ташаккул медиҳад, ки аз талаботҳои замон ба шумор меравад. Ба гурӯҳи вазифаҳои ёрирасон дохил намудани вазифаи китобдори китобхонаи мактабӣ низ аз камбудиҳои ҷиддӣ ба ҳисоб мераванд. Имрӯз маоши миёнаи китобдорони китобхонаҳои мактабӣ аз маоши китобдорони муассисаҳои соҳаи фарҳанг ва муаллимон хеле паст мебошад. Маҳз аз ҳамин сабаб ҷавонон ба касби китобдорӣ чандон ҳавас надоранд. 
Беэътиноӣ нисбат ба тайёр кардани мутахассисони соҳаи китобдорӣ ва дар нақшаҳои таълимии мактабҳои олии педагогӣ, мактабҳои олии соҳаи фарҳанг ва санъат мавҷуд набудани тахассуси китобдори китобхонаи  муассисаи таълимӣ ва баста шудани кафедраҳои соҳавӣ дар ДДФСТ ба номи М. Турсунзода, ки ягона муассисаи таълимӣ дар ҷумҳурӣ ба тарбияи кадрҳои соҳаи китобдорӣ машғул мебошад, сабаби қафомонии  соҳаи  китобдорӣ арзёбӣ мегардад. Дараҷаи пасти ташкили такмили ихтисоси китобдорони китобхонаҳои мактабӣ низ яке аз сабабҳои ғайриқаноатбахш ба роҳ монда шудани хизматрасонии китобхонаҳо ба қӯдакон мебошад. Дар чунин вазъ ташкили системавии фаъолияти китобдорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи умумӣ проблемаҳои ташаккулдиҳии фонди китобхонавӣ, бо технологияи иттилоотии муосир  таъмин намудани онҳо, такмили мақоми касбӣ ва иҷтимоии китобдорони китобхонаҳои мактабӣ, талаботи хонандагон ва омӯзгоронро ба таҳсилоти муттасил қонеъ намудан ғайриимкон аст. Фаъолияти китобхонаҳои  мактабӣ бояд дар самти тағйироти муосири таҳсилот ва ҳамгироӣ дар доираи барномаҳои умумимиллӣ, вилоятӣ ва маҳаллии таҳсилот ба роҳ монда шавад. 
Сайфиддин  КАМОЛЗОДА, 
номзади  илмҳои  педагогӣ,
Ҳотами  ҲОМИД, 
«Омӯзгор»