Минбари САҲА - василаи худнамоишдиҳии ифротгароён

28-09-2018
Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо яке аз ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини бехатарӣ ва демократикунонии ҳаёти кишварҳои дунё  кумак мерасонад. 
Ҷанбаи дигари фаъолияти созмони мазкур дар роҳи барқарор намудани сулҳу оромӣ дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон равона гардидааст.  
Мутаассифона, давоми ду-се соли охир ин созмони байналхалқӣ ба ҷаласаҳое, ки дар кишварҳои гуногуни Аврупо баргузор мекунад, намояндагони ТЭТ ҲНИ-ро ки ба сабаби хиёнаткорияшон нисбат ба давлат ва миллат фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда  шудааст, даъват намуда, имконият медиҳад, аз минбари онҳо истифода намуда, дар ҳаққи давлати Тоҷикистон буҳтон ва  суханони бардурӯғро паҳн намояд. Дар натиҷа муносибати Тоҷикистон бо САҲА сард гардида, баъзе сохторҳои минтақавии он аз кор бозмонданд. Ҳамоиши ҳамасолаи САҲА 10-уми сентябр оғоз гардида, то 21-уми сентябр идома ёфт. Давлати моро ҳамчун аъзои созмон дар кори ҳамоиш муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ намояндагӣ мекард. Ӯ дар суханронии худ аз ҷумла, таъкид намуд, ки барои Тоҷикистон таъмини сулҳу салоҳ, суботи ҷомеа, инкишофи иқтисодиёти кишвар, мустаҳкам намудани сохторҳои давлатӣ, муҳимтарин ҳадафҳо ба ҳисоб рафта, тамоми фаъолияти ҷомеа ва давлат ба амалӣ гардондани онҳо равон гардидааст. Лекин давоми солҳои истиқлолият ТЭТ ҲНИ  ба манфиатҳои давлату миллат хиёнат намуда, борҳо кӯшиш кардааст, ки вазъи иҷтимоиро дар кишвар муташанниҷ гардонида, сохти давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии имрӯзаи Тоҷикистонро зӯран тағйир диҳад.
Ба ғайр аз намояндагони расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ба ном мухолифини давлати мо, таҳти роҳбарии раиси ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ширкат ва суханронӣ намуданд. Ба ғайр аз Кабирӣ боз раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ Илҳом Ёқубов, ҳамоҳангсози Анҷумани рушд ва ислоҳоти Тоҷикистон Шарофиддин Гадоев ва узви аршади Анҷумани озодандешони тоҷик Алим Шерзамонов дар мавзӯъҳои ба ном актуалии худ сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистонро зери танқиди беасос  кашиданд. Дар баромади худ онҳо системаи судӣ, озодии баён ва виҷдонро мавриди муҳокима қарор дода, худро гӯё ҷабрдидагони режими   Ҳукумати Тоҷикистон вонамуд мекарданд. Лек ин ҳама фиреби навбатии наҳзатиёни хоин буд.
С. Муртазоев, 
дотсенти кафедраи фанҳои  ҷамъиятии ДДҲБСТ