Модар –чароғи хонадон

07-03-2018
Арафаи ҷашни мубораки Рӯзи модарон дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии вазорат ҷамъомади бошукӯҳ баргузор гардид. Нахуст вазири маориф ва илми кишвар профессор Саид Нуриддин Саид, ҷонишини аввали вазир Р. Мирбобоев ва ҷонишини вазири маориф Ф. Усмонзода  бонувонро ба иди муборакашон табрик намуда, ёдовар шуданд, ки дар ҷомеаи озоди мо бонувон дар аксар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф мавқеи муносиб доранд ва вазифааашонро аз таҳти дил иҷро мекунанд. Сармутахассиси раёсати  илм ва инноватсия О. Маҳмудзода, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Ҳ. Валиев, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот Р. Сангов низ бонувонро табрик намуданд. Дар охир ба бонувон- кормандони дастгоҳи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.  
Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон