Ниҳоли душманӣ баркан....

06-12-2017
Инсони шарафманд дорои бисёр хислатҳои ҳамидаву писандида мебошад, ки яке аз онҳо дӯстист. Ин хислат ба одамон барои осудаву осоишта зистан ва хайрхоҳу дастгири ҳамдигар будан мадад мерасонад. Дӯстӣ зиндагиро шукӯҳу баракат мебахшад, боиси ривоҷи корҳо ва ободониву тозакориҳо мешавад. 
Тавассути устувории дӯстию рафоқат бисёр ҳодисаҳои номатлуб пешгирӣ мешаванд, нифоқу кина аз байн меравад. Дӯст будан ба одамон мададгор мегардад, ки худро неруманд эҳсос бикунанд, ҳамеша болидарӯҳу осудахотир бошанд. Вобаста ба ин, дар мактабҳо ба тарбияву тарғиби  дӯстиву рафоқат бояд  аҳамияти ҷиддӣ дод. Тарбияи дӯстӣ кори ҳамагонист; аз роҳбари мактабу роҳбари синф то омӯзгорони фанҳову волидони  хонандагон. Дар ҳар дарс, новобаста аз ба кадом фан дахл доштанаш,  метавон таваҷҷуҳу эҳтироми  шогирдонро нисбат ба дӯстӣ ба таҳрик оварду тавассути далелҳои ҷолиб дӯстиро тарғиб кард (барои ин 2-3 дақиқаи дарсро сарф кардан боке нест). Барои тавзеҳу ташвиқи дӯстию рафоқат байни хонандагон, албатта, дарсҳои забону адабиёти тоҷик ва таърих имконоти бештаре доранд. Чорабиниҳои зиёди беруназсинфӣ  (аз қабили мубоҳиса дар мавзӯи «Дӯстӣ чист ва дӯст кист?», озмуни иншоҳои озод таҳти унвони «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо», вохӯрӣ бо адибон ва сиёсатмадорон…) ба ташаккули ҳисси дӯстиву рафоқат дар хонандагон нақши босазо мегузоранд. Вобаста ба ин масъала роҳбарони синфҳо метавонанд, пайваста тадбирандешӣ намоянд. Аз ҷумла, баргузор намудани дарси тарбиявӣ дар мавзӯи «Дӯстӣ - равнақбахши зиндагӣ» ё «То тавонӣ, дӯстонро гум макун» басо манфиатовар хоҳад  буд. Барои тақвияти дӯстӣ дар байни хонандагон ва афзудани эҳтироми онҳо ба дӯстӣ ва ба дӯстон ҳамкории мактаб бо волидон низ нақши сазовор мебозад. 
Хушбахтона, дар адабиёти тоҷик оид ба мавзӯи дӯстӣ шеъру ҳикоёти фаровон мавҷуд аст. Қофиласолори  адабиёти тоҷик , устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қитъае дар ситоиши дӯстӣ ва накуҳиши  душманӣ  гуфтаанд, ки хеле машҳур асту чун бузургтарину муассиртарин ситоишномаи дӯстӣ пазируфта шудааст: 
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар
Аз фироқи дӯстони пурҳунар.
Шоири дигари тавонои тоҷик Абӯшакури Балхӣ дӯстиро ҷовидониву безавол ва устувор  тавсиф бахшида, чунин шоҳбайти мондагоре иншо кардааст: 
Ҳама чиз пирӣ пазирад, бидон,
Магар дӯстӣ, к-он бувад  ҷовидон.
Ин шоҳбайти Ҳофизи Шерозии волосухан низ маълуму маъқул аст ва садсолаҳост, ки ҳамагонро ба дӯстию рафоқат, ҳамдилию накукорӣ ва парҳез кардан аз кинаву адовату душманӣ  даъват менамояд:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад. 
Дар ситоишу тараннуми дӯстӣ шоирони муосири тоҷик низ абёти фаровону пуртаъсир ва ҳидоятгар гуфтаанд. Аз ин лиҳоз, махсусан, эҷодиёти пурмуҳтавои устод Мирзо Турсунзода далели барҷастаест ва барои омӯзгорон дар тарбияи дӯстӣ байни шогирдон маводи фаровон дода метавонад. 
Солҳои охир аҳёнан бошад ҳам, байни хонандагони мактабҳо оташи нифоқ ва талошу хархаша аланга мезанад ва ин гоҳе фарҷоми нохушоянд бор меоварад. Аз ин рӯ, мо – омӯзгоронро  мебояд, ки ба тарбияи дӯстӣ дар машғулиятҳои ҳамарӯзаамон бо шогирдон таваҷҷуҳу эътибори бештар зоҳир намоем ва дар ин самт аз методу усулҳои муассиру пурсамар кор бигирем.
Одинамоҳ НАРЗУЛЛОЕВА, 
омӯзгори синфҳои ибтидоии 
мактаби деҳаи Сангистони 
ноҳияи Айнӣ