Ҷоизаҳои «Суперполиглот» ва «Полиглот»-и донишҷӯёни тоҷик дар олимпиада

12-05-2017

Рӯзҳои 4-6 майи соли 2017 дар Донишгоҳи давлатии Қарағанда Олимпиадаи байналмилалии бисёррзабондонӣ миёни донишҷӯёни Осиёи Миёна ва Қазоқистон баргузор гардид, ки аз Тоҷикистон се нафар донишҷӯ аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, се нафар аз Донишкадаи давлатии забонҳои ба номи С. Улуғзода, се нафар аз Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев ва як нафар аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ширкат варзиданд. Дар олимпиада доир ба 18 забон озмун баргузор гардид, ки дар баробари забони тоҷикӣ забонҳои помирӣ, аз ҷумла рӯшонӣ, шуғнонӣ ва забонҳои форсию дарӣ низ шомил буданд. Олимпиада аз самтҳои гуногун иборат буда, вобаста ба онҳо озмун баргузор гардид: Донандаи беҳтарини забони модарӣ, забони давлатӣ, забони хориҷӣ, забони ақалиятҳои миллӣ, эссеи беҳтарин доир ба забони давлатӣ, модарӣ ва хориҷӣ ва ғайра.

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Мародасейнов Дидор Озодбахшович дар ин озмун донандаи беҳтарини забони англисӣ эътироф гардида, сазовори ҷойи аввал гардид. Мародасейнов Дидор бо чаҳор забон - англисӣ, тоҷикӣ, русӣ ва шуғнӣ доир ба мавзӯйи интихобнамудаи ҳайати ҳакамон озод суханронӣ кард. Эссе навиштаи ӯ ба забони англисӣ ва суханрпониаш ба ин забони байналмилалӣ аъзойи ҳакамонро ба ваҷд овард ва ҳама бо як овоз ӯро донандаи беҳтарини забони англисӣ ва эссеяшро беҳтарин эссе шумориданд.

Ҳамчунин донишҷӯ  Шералиев Самандар аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо ҳафт забон суханронӣ кард, ки ба ҷоизаи «Суперполиглот» (бисёрзабондон) ва Норов Фирӯз аз Донишкадаи давлатии забонҳои ба номи С. Улуғзода бо шаш забон суханронӣ кард, ки ҷоизаи «Полиглот»-ро сазовор гардиданд.  Аз ҷумла,  эссеи ба забони қазоқӣ  навиштаи Норов Фирӯз боиси таҳсини ҳакамони ин забон гардид.   Дар рӯзи сеюм дониҷӯёни ҳар кишвар донишгоҳҳо ва суннатҳои миллии худро муаррифӣ карданд, ки хеле ҷолиб буд. Аз ҷумла, донишҷӯёни мо, ки ҳама бо либосҳои миллӣ ба саҳна баромада буданд, рақси миллии тоҷикӣ, рақси помирӣ, рақси сарбандӣ, рақси кӯлобӣ (бо чакан) ва рақси масчоҳиро иҷро намуданд, ки писанди ҳамагон гардид.

Дар ин олимпиада 22 донишгоҳ аз Қазоқистон ва Осиёи Миёна ширкат намуданд. Аз тарафи масъулони олимпиада, ректори Донишгоҳи давлатии Қарағандаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба ректорони донишгоҳҳое, ки донишҷӯёнашон дар он иштирок намуданд, сипоснома тақдим гардид.

Директори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон Шарифмурод Исрофилниё, ки дар олимпиадаи мазкур ба ҳайси аъзойи ҳакамон доир ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ ва арабӣ интихоб гардида буд, чунин ибрози андеша намуд: «Хуб мебуд, ки ректорони дигар донишгоҳҳо ба ин масъала таваҷҷуҳ мекарданд ва иштироки донишҷӯёнашонро таъмин менамуданд, зеро ин гуна олимпиадаҳои байналмилалӣ муаррифии фарҳанги мо ва хусусан, тарғиби донишгоҳҳои Тоҷикистон дар байни дигар кишварҳо мегардид.»