Ғолибияти хонандагони тоҷик дар олимпиадаи «InIMC-2017»

01-08-2017
Аз 25 то 31 июли соли 2017 Олимпиадаи байналмилалии наврасон «InIMC-2017» аз фанни математика баргузор гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро 17 нафар хонанда муаррифӣ намуданд.
Дар ҷамъбасти Олимпиада хонандагони тоҷик бо сазовор гардидани 2 медали тилло, 5 медали нуқра, 1 медали биринҷӣ ва 2 ифтихорномаи фахрӣ миёни 36 давлати дунё Парчами Тоҷикистонро баланд бардоштанд.