ҚОНУНИ МАНЪИ МАҲСУЛОТИ ТАМОКУ ТАТБИҚ МЕГАРДАД

15-02-2018
Аз ҷониби Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» бо тағйиру иловаҳо ба тасвиб расид. Боиси тазаккур аст, ки Қонуни мазкур ҳанӯз 29 декабри соли 2010 таҳти №649 қабул гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамокуро муайян карда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар масъалаҳои истифода, истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши маҳсулоти тамоку танзим менамояд. 
Тавре дар шарҳи мафҳуми маҳсулоти тамоку омадааст, «маҳсулоти тамоку- маҳсулоте, ки барои кашидан, хоидан, макидан, таги забон кардан ё бӯй кашидан пурра ва ё қисман аз баргҳои тамоку тайёр карда мешавад, аз ҷумла сигаретаҳо бо дудполо (филтр), сигаретаҳо бе дудполо (бе филтр), папирос, сигор, сигарила, тамокуи кашиданӣ, ҳама намуди тамокуи ғайрикашиданӣ, чилим, нос, инчунин сигори электронӣ, чилими электронӣ ва ҳама намуди воситаҳои электронии таъминкунандаи никотин» буда, қонунгузорӣ истифодаи онро маҳдуд намудааст».
Қонуни мазкур фаъолият оид ба маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамокуро дар масъалаи истеҳсолу воридот, содироту фурӯши яклухт ва чаканаи он ба танзим дароварда, маҳсулоти тамокуеро, ки миқдори моддаҳои зараровар дар онҳо аз меъёрҳои гигиении тасдиқшудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ зиёданд, манъ кардааст. 
Шаҳрвандон бояд донанд, ки барои сигорҳо бо дудполо ва бе дудполо  мувофиқан аз 10 миллиграмм қатрон (қисмати асосии тамоку, ки дар таркибаш никотин надошта, дорои хусусияти кансерогенӣ мебошад) ва 1,0 миллиграмм никотин (моддаи таркиби тамоку- алкалоиди дар таркиби растаниҳои оилаи «никотиана» мавҷудбуда), ки боиси гирифтор шудани шахс ба бемориҳои гуногун, аз ҷумла сактаи дил, сактаи майна ва саратон мегардад) ба як дона сигор зиёд буда наметавонанд. Қонун фурӯши маҳсулоти тамокуро дар дохили биноҳо ва ҳудуди онҳо дар масофаи на камтар аз 100 метр дуртар аз муассисаҳои самти маориф, тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳангу варзиш, сайёҳиву нақлиёт ва иттиҳодияҳои динӣ манъ кардааст. Инчунин, истифодаи чилиму нос ва сигори электрониро дар дохили бино ва ҳудуди муассисаҳо ва илова ба он дар утоқҳои кории ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, дохили иншооти муассисаҳои хӯроки умумӣ (тарабхона, ошхона, чойхона, қаҳвахона), дохили бинои осоишгоҳҳо ва иншооте, ки дар онҳо чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва фарҳангию фароғатӣ гузаронида мешаванд, дохили бинои меҳмонхонаҳо ва хобгоҳҳо, дохили ҳамаи намуди нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла автобусу тролейбусҳо, таксӣ, истгоҳҳои барои нақлиёти ҷамъиятӣ таҷҳизонидашуда, биноҳо ва дар ҳудуди фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва нақлиётҳои автомобилӣ, майдончаҳои кӯдакон, нақлиёти истифодаи шахсӣ, ки дар он кӯдакони то 16-сола ҳузур доранд, даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ, лифт, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва биною иншооти дигар – хулоса ҳар ҷое, ки макони кору фаъолият ва зисту буду бош ва барои одамон дастрас мебошанд, манъ аст. 
Қонуни мазкур мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро уҳдадор менамояд, ки истифодаи маҳсулоти тамокуро дар боғу гулгаштҳо, ҳудуди канори дарё ё кулҳо ва ҷойҳои дигаре, ки чорабиниҳои оммавӣ гузаронида мешаванд, ба танзим дароранд. Ҳамчунин, роҳбарон, моликон ва шахсоне, ки дорои ҳуқуқи истифодаи бино, ҳудуду иншоотҳои давлатию ғайридавлатии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илмию таълимӣ, фарҳангию варзишӣ, сайёҳию динӣ ва амсоли инҳо мебошанд, вазифадоранд меъёрҳои муайянкардаи қонунро риоя карда, берун ва дуртар аз биною иншоотҳо мувофиқи зарурат ҷойҳои махсуси истифодаи маҳсулоти тамокуро муайян намоянд.
Банди 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва илм, варзиш, сайёҳӣ ва оид ба динро вазифадор менамояд, ки «…тавассути воситаҳои ахбори омма, филмҳои таълимӣ, воситаҳои аёнӣ ва буклету расмҳо иттилоотонии аҳолиро оид ба зарари истифодаи маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон ва оқибатҳои ногувори он ба генофонди миллӣ мунтазам ба роҳ монанд». Ҳамаи зинаҳои таълимии соҳаи маориф муваззафанд, ки дар дарсҳои тарбиявию соатҳои кураторӣ ва бо баргузор намудани чорабиниҳои таълимиву оммавӣ вобаста ба таъсири манфии истифодаи маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон, оқибатҳои ногувори он ва масъалаҳои муҳимми ҳимояи генефонди миллат ва солимгардонии муҳити зист, корҳои тарғиботӣ ва тарбиявӣ гузаронанд.  
Дар мадди назар бояд дошт, ки барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.    
Ҳамин тариқ, ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» субъектҳои раванди таълиму тарбияро водор месозад, ки «…барои таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии таълимгирандагон, инчунин риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ…» (банди 4, моддаи 25. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»)  масъулиятро эҳсос карда,  тибқи талаботи сархатҳои 1 ва 5-и моддаи 51-и санади мазкур уҳдадоранд қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таълимиро риоя карда, таълимгирандагонро … барои пешгирии истеъмоли … маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос) ва маводи сахттаъсир корҳои таблиғотӣ баранд. 
Даст задан ба маҳсулоти тамоку ва истифодаи он ин нахустнишонаҳои пайдо шудани майл ба маводи сахттаъсир аст.   
Ҳадаф аз қабули чунин санад ин пеш аз ҳама тозаву озода нигоҳ доштани ҳифзи муҳити зист, пешгирии бемориҳо, ҳифзи саломатии аҳолӣ, ҳимояи генофонди миллат ва бардаму солимии аҳолӣ мебошад. Солимии ҷисмонии аҳолӣ - солимии оила, ҷомеа ва боигарии давлат маҳсуб меёбад.  
Дар татбиқи амалии Қонуни мазкур на танҳо маорифчиёни кишвар, балки аҳли ҷомеа – махсусан масъулияти падару модарон бояд бештар эҳсос гардад. Тавре дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» зикр гардидааст, «-барои фарзанди то бистсола истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла пиво), воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос) ва маводи сахттаъсирро манъ намоянд». Омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар раванди таълиму тарбия тарзи ҳаёти солимро тарғиб намоянд.
 
Раҷабалӣ Сангов
-сардори шуъбаи
таъминоти ҳуқуқӣ ва
котиботи Вазорати маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон