Оғози нек

10-07-2017
Аз рӯзҳои аввали моҳи май кормандони шуъбаи маориф, директорону раисони АВО-и муассисаҳои таълимии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагиҳо ба соли нави таҳсили 2017-2018–ро таҳия намуда, бо мақсади таъмиру тармими босифат ситоди махсусро дар назди шуъбаи маориф таъсис доданд. Тавре ки мудири шуъбаи маорифи ноҳия А. Исоев дар суҳбат   иброз дошт:
- Имсол аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои муассисаҳои таълимӣ ва томактабии ноҳия 2 миллиону 340 ҳазор сомонӣҷудо гардидааст. Айни ҳол  324938 сомонӣ дастраси муассисаҳои таълимӣ гардида, маблағгузорӣ дар ин самт давом дорад. Имрӯз бархе аз муассисаҳои таълимии ноҳия, таъмири қисмати дохилии биноҳои таълимиро ба анҷом расониданд ва  азми қавӣ доранд, ки то 1 август таъмирро пурра ба анҷом расонида, мактабҳоро ба соли нави хониш тайёр намоянд. Дар таътили тобистона тибқи нақшаи тасдиқгардидаи шуъбаи маориф дар лагерҳои истироҳатии наздимактабӣ 4000 хонанда фаро гирифта мешаванд. Мо аз рафти ҷараёни таъмиру тармими муассисаҳои таълимии ноҳия дидан намудем, Нахуст ба муассисаи таълимии №18 омадем. Ҷонишини директор Ш. Камолов нисбат ба корҳои ободонию кабудизоркунии назди мактаб маълумот дода, аз ҷумла, қайд намуд, ки  бо маблағгузории АВО ва ташаббуси омӯзгорону коркунони хоҷагӣ бинои мактабро пурра аз таъмир бароварда, ба соли нави хониш тайёр намуда истодаанд. Дар муассисаи таълимии №52 ҷараёни таъмиру тармими мактаб бо суръати идома дорад. 
Директори муассиса С. Наимов дар суҳбат гуфт: 
- Имсол аз ҳисоби буҷаи мақомоти маҳаллӣ барои таъмиру тармими мактаб 92 ҳазор сомонӣҷудо гардидааст, ки барои харидорӣ намудани тирезаҳои пластикии ошхонаи мактаб шартномаи хариду фӯруш ба маблағи 40000 сомонӣ баста шудааст. Аз ҳисоби маблағгузории АВО-и мактаб бошад, барои таъмири синфхонаҳо 8958 сомонӣ ва ошхонаи мактаб 25 ҳазор сомонӣҷудо гардида, таъмир хушсифат гузаронида шуд. 
Омодагиҳо ба соли нави хониш дар муассисаҳои таълимии №№45,56,42,7,1,3 низ қобили таваҷҷуҳ мебошад. Новобаста ба баъзе мушкилоту норасоиҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ тасмим гирифтанд, ки ба мавсими соли нави хониш мактабҳоро пурра омода намоянд.