Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018» оғоз гардид

27-12-2018
27-уми декабри соли 2018 дар толори китобхони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018» оғоз гардид, ки дар маросими ифтитоҳии он Латофат Назирӣ – муовини вазири маориф ва илм, кумитаи тадорукотии озмун, аъзои ҳакамон, иштироккунандагони озмун ва намояндагони соҳаи маориф аз шаҳру ноҳияҳои гуногун иштирок доштанд.
Латофат Назирӣ – муовини вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳ иброз намуд, ки озмуни мазкур охири ҳар сол бо мақсади дарёфти омӯзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор, қадрдонии меҳнати омӯзгор ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф, тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарини Тоҷикистон гузаронида шуда, дар ин самт аз тарафи Вазорати маориф ва илм барои дар сатҳи баланд ва шаффоф доир намудани он тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар озмун 5 нафар: Куканбекова Мунира – омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Хоруғ, Ҳукумов Бахтовар – омӯзгори фанни математикаи литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар, Ҳайдаров Муродҷон – омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Шоева Дилбар – омӯзгори фанни таърихи гимназияи №74-и шаҳри Душанбе ва Сафаров Ҷонибек – омӯзгори фанни технологияи иттилооти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44-и ноҳияи Варзоб иштирок намуда, аз рӯйи шартҳои гуногун ҳунару маҳорати худро месанҷанд.
Озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2018» 3 рӯз довом намуда, ҷамъбасти он 29-уми декабр дар назар дошта шудааст.