«Рӯзи дониш» дар тамоми муассисаҳои таълимӣ 1 сентябр таҷлил мешавад

25-08-2017
25-уми августи соли 2017 дар ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори мушовараи вазорат «Дар бораи «Рӯзи дониш» 1 сентябри соли 2017» ба имзо расид, ки мувофиқи банди якуми он «Рӯзи дониш» 1 сентябри соли 2017 дар тамоми муассисаҳои таълимӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеият дарсҳо тибқи ҷадвали дарсӣ ба роҳ монда шуда, рӯзи 2 сентябри соли 2017 аз ҳисоби 01.09.2017 рӯзи истироҳатӣ эълон карда шуд.
Ҳамчунин, тибқи банди дигари он ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, сардорони раёсатҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон вазифадор карда шудаанд, ки рафти иҷрои қарори мазкурро таъмин намоянд.