Семинари корӣ оид ба татбиқи самараноки гузариш ба муносибати салоҳиятнокӣ дар таълим

05-12-2017
Рӯзҳои 30-юми ноябр – 1-уми декабри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи Серена бо иштироки зиёда аз 170 нафар семинари корӣ оид ба татбиқи самараноки гузариш ба муносибати салоҳиятнокӣ дар таълим доир гардид. Дар расми ифтитоҳи он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари БДТБ1-Лоти 1 доктор Майкл Лайтфут, сардорони раёсатҳои маориф ва мудирони шуъбаҳои маориф ва муаллифони китобҳои дарсӣ ширкат варзиданд. 
Гуфта шуд, ки семинари мазкур бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо тавассути Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат марҳалаи 1, лоти 1: «Дастгирии техникӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, арзёбии таълим, банақшагирӣ, таҳияи куррикулум, буҷет ва мониторинг» баргузор гардида, дар он масъалаҳои муносибати салоҳиятнок дар таълим-падидаи нав дар таҳсилоти ҷаҳонӣ, доираи салоҳиятҳои омӯзгор, салоҳиятҳои таълимии хонандагон, арзёбӣ дар муносибати салоҳиятнокӣ дар таълим-тағйирот дар системаи арзёбӣ, омӯзиш бо мақсади ташаккули салоҳиятнокӣ дар таълим, таъмини сифат ва мониторинг дар муносибати салоҳиятнокӣ дар таълим ва идоракунии татбиқи ислоҳот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар рӯзи дуюми кори семинар иштирокдорон ба гурӯҳҳо тақсим шуда, дар якҷоягӣ бо мушовирон масъалаҳои баррасишударо натиҷагирӣ намуданд.