«Шарҳи бист ғазали Саъдии Шерозӣ» чоп шуд

01-08-2017
Ба истиқболи 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон аз ҷониби муҳаққиқон ва донишмандони риштаи адабиёт Ш.Исрофилниё ва М. Султонмамадова китоби «Шарҳи бист ғазали Саъдии Шерозӣ» ба нашр расид. 
Тавре дар сарсухани китоб муаллифон иброз медоранд, дар барномаҳои таълимии синфҳои 5-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон дар ҳар як синф соатҳои муайяне барои таълими рӯзгор ва осори адибони форсу тоҷик пешбинӣ шудааст ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф тасмим гирифтааст, ки осори суханварони бузурги адабиёти форсу тоҷикро ба таври сода шарҳу тафсир диҳад, то хонандагони тоҷик аз он ганҷи шойгон бештар баҳра бардоранд. 
Инак, шашумин китоб аз он силсила «Шарҳи бист ғазали Саъдии Шерозӣ» аст, ки дар ҳаҷми 68 саҳифа ва бо теъдоди 500 нусха аз ҷониби матбааи «Нигор» ба табъ расидааст.