Устоди бузурги ду адабиёт

16-02-2018
                                          Ба истиқболи 140-солагии устод Садриддин Айнӣ
Устод Айнӣ яке аз ситораҳои дурахшони назми ӯзбек, шоири нотакрор Ҳамид Олимҷонро, ки  бо шеърҳои нафис ва дилбаронаи худ ба ҷаҳони адабиёти ӯзбек  ҳусну таровати дигар бахшидааст, бо меҳри падарӣ ва устодӣ  дӯст медошт. Умуман, устод Айнӣ ба адабиёти ӯзбек  меҳру муҳаббати беандоза дар дил мепарварид.
Адабиётшиноси маъруф ва шоир Ҷӯра Аҳмадҷонов дар хотираҳои худ дар бораи Ҳамид Олимҷон вобаста ба ин мавзӯъ як воқеаи аҷибро ёдовар мешавад. Ба гуфти ӯ, Ҳамид Олимҷон аввалҳои солҳои 20-уми асри ХХ, (овони мактабхониаш) Айниро надида бошад ҳам, ғоибона мешинохт ва эҷодиёташро дӯст медошт. Он солҳо дар байни сурудҳои тоҷикию ӯзбекие, ки хонандаҳо бисёр мехонданд, «Суруди озодӣ» («Марши ҳуррият»), «Байналмилал марши» («Интернасионал») ном шеъри домулло Садриддин Айнӣ низ буд. Ҳамид Олимҷон ин шеърро аз ёд медонист ва мисраъҳои зерини «Ҳуррият марши»-ро, ки ба забони ӯзбекӣ навишта шуда буд,  бо завқ замзама мекард:   

Кӯп жафолар чекиб зулм  ичинда
Йиғладик, инградик неча йил.
Музладик намли зиндон ичинда,
Эй, адолат ӯти, яшнагил!
***
Эй ситамдидагон, эй асирон!
                                                                 Вақти озодии мо расид.
                                                                       Муждагонӣ диҳед, эй рафиқон!
                                                                     Дар ҷаҳон субҳи шодӣ  дамид.
 
Баъди  аз муаллимон  шунидани  воқеаҳо доир ба ҳаёти  устод Садриддин Айнӣ ҳаваси дидан ва суҳбат кардан бо  ин пири хирад дар дили Ҳамид Олимҷон зиёдтар гашт. Ин ихлос ва муҳаббат ӯро пайваста ба сӯи устод Айнӣ мекашид ва билохира, ӯ  ба дидори домулло Айнӣ шарафёб гашт. Шодиву нишоти адиби ӯзбекро ҳадду ҳудуд набуд.
Нисбат ба иллату камбудиҳои даврони гузашта мубориз будан, нисбат ба худ ва ба дӯстон сахтгир шудан, ба адабиёти классикӣ, алалхусус, ба мероси мутафаккири бузург Алишери Навоӣ садоқати баланд доштан ва дигар фазилатҳои ҳамидаро Ҳамид Олимҷон аз устод Садриддин Айнӣ  омӯхтаст. Ин андешаҳоро хотираҳои яке аз шоирони бузурги ӯзбек Миртемир низ тасдиқ мекунад. Ӯ дар «Хотираҳо дар бораи дӯст ва ҳамзамон» ном мақолааш қайд мекунад, ки устод Айнӣ  ӯ ва Ҳамид Олимҷон барин қаламкашони ҷавонро дастгирӣ намуда,  ба онҳо ёрии амалӣ расондааст. Садриддин Айнӣ дар ҷамъомадҳои ташкилоти «Қизил қалам» иштирок намуда,  ба  беҳтарин эҷодкорони навқалам ҳамчун устод ва мураббӣ  маслиҳатҳо додааст, аз муваффақиятҳои онҳо шод гашта, истеъдоди баланду ояндаи неки  қисме аз онҳоро бо мамнуният эътироф намудааст. Аз ин суҳбатҳо эҷодкорони ҷавон рӯҳбаланд мегаштанд. Фикру мулоҳизаҳои домулло Айнӣ барояшон, воқеан ҳам, судманд буданд. Устод Айнӣ навиштаҳои  ҷавононро бодиққат хонда, муваффақият ва камбудиҳояшро  бо ибораҳои зарифона, мутоибаи сабук нишон медоданд.  Ба туфайли маслиҳатҳои падаронаи домулло Айнӣ  Ҳамид Олимҷон барин эҷодкорони ҷавон баъдтар шуҳрат ёфта, ба дараҷаи зимомдорони адабиёти ӯзбек расиданд. Бо самараи заҳмати зиёди устод Айнӣ адабиёти миллии ду халқ ривоҷу равнақ ёфта, ба зинаҳои баланд бардошта шуд. 
Ҳар як дастоварди Ҳамид Олимҷон Садриддин Айниро, ки таҷрибаи калони эҷодӣ дошт, шод мегардонд, устод аз хурсандӣ гул-гул мешукуфт, ба қавле, дар куртааш  намеғунҷид. Адабиётшинос Насрулло Охундӣ дар хотираҳояш дар бораи як шеъри Ҳамид Олимҷон ва таъсири он ба мухлисони назм ҳикоят мекунад. Ба гуфтаи ӯ, соли 1929 ба  муносибати иди Наврӯз  дар соҳили Сиёб сайри гули лола  гузаронда мешавад. Ин сайр, ки бо иштироки шоирон, адабиётшиносон, ҳофизон мегузашт, ба базми мушоира ва шеърхонӣ  табдил меёбад. Дар ин ҷамъомад  Ҳамид Олимҷон, Уйғун, Ойдин барин навқаламон, устод Садриддин Айнӣ, устоди «Шашмақом»  Ҳоҷӣ Абдулазиз, адабиётшинос Соттӣ Ҳусайнӣ ва дигарон иштирок доштанд. 
– Вақте ки навбат ба Ҳамид Олимҷон расид,– ҳикоя мекунад иштирокдори  ин базми шеър, шоир Насрулло Охундӣ, – домулло Айнӣ, ки то ҳамин вақт хеле парешонҳол менамуд, аз ҷо шоҳин барин як ҷунбиду боз маҳкамтар нишаста, ба Ҳамид Олимҷон  нигоҳ кард.  Дар ин ҳолат риши мошубиринҷи ӯ андак ларзид ва дар чашмонаш нур ҷило дод.   Акнун танҳо домулло Айнӣ не, чашми ҳама ба Ҳамид Олимҷон нигаронида  шуда буд. Дар нигоҳи баъзе шоирони ҳамон давра, ки худро аз ҳама боло медиданд, бепарвогӣ, нописандӣ нисбат ба шоири ҷавон ҳис карда мешуд…
Насрулло Охундӣ дар бораи шеъри Ҳамид Олимҷон, маҳорати шеърхонии ӯ андешаҳояшро баён мекунад. Диққати адабиётшинос   ба воқеаи аҷиби баъди хотимаи шеър  ҷалб мешавад.
– Дар давра шодӣ ва ҳасад ҳукмрон буд,–менависад Насрулло Охундӣ,– Домулло Айнӣ аз ҷой хеста, Ҳамид Олимҷонро ба оғӯш гирифт. Баъди ин амали адиби бузург шоирони дигар низ навбат ба навбат шоири ҷавонро табрик намуданд ва ба истеъдоди ӯ тан доданд…
Аз ҳикоя маълум мегардад, ки муваффақиятҳои Ҳамид Олимҷон бо ҳусни таваҷҷуҳи устод Айнӣ иртиботмандӣ доштанд. Муваффақиятҳои шогирд устодро  беҳад шод гардонидааст. Шеъри «Сиёб»-и Ҳамид Олимҷон он замон сазовори таҳсини  Сариддин Айнӣ гаштааст. Меҳри падаронаи устод ба рушди истеъдодии шоири ҷавон таъсири мусбат расонидааст.
Ҳамид Олимҷон, ки домулло Айнӣ ба эҷодиёти   ӯ минбаъд низ таваҷҷуҳ зоҳир мекард, на танҳо дар шоирӣ, дар соҳаи адабиётшиносӣ низ шуҳратёр гашт. Соли 1938 ҳукумати Ӯзбекистон барои ботантана ҷашн гирифтани 500- солагии мутафаккири бузург Алишери Навоӣ   комиссияи махсус ташкил намуд. Котиби илмии ин комиссия Ҳамид Олимҷон буд. Ҳамон давраҳо домулло Айнӣ ҳамчун  олими навоишинос шинохта мешуд. Ӯ асари мушҳури Навоӣ «Хамса»-ро пеш аз солҳои ҷанг  бо шарҳаш чоп намуда буд. Дар таҷлили солҷашни Навоӣ ба котиби масъули комиссияи махсус – Ҳамид Олимҷон, пеш аз ҳама, устод Айнӣ маслиҳатгару мададгор буд.

Сулаймон ЭРМАТОВ, 
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон