Ватандӯстӣ аз гӯшаи имон аст

16-02-2018
Асри XXI инсонро ба тағйироти куллии иқтисодиву фарҳангӣ ва сиёсӣ рӯ ба рӯ месозад. Дар ин давраи ҳассос дониши мукаммал ва ҷаҳонбинии васеъ моро ба сӯйи қуллаи мурод раҳнамо буда, он аз тарбияи дурусти ҷавонон сарчашма мегирад.
Маҳз ҷавонони боақлу хирад метавонанд ба қадри арзишҳои волои миллӣ бирасанд.  Тарбияи ҷавонон дар заминаи омӯзиши фарҳанги миллӣ, худогоҳӣ аз таърихи гузаштаи хеш, қадр намудани забони модарӣ амалӣ мегардад.  Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки халқи тоҷик ба қатори халқҳои куҳантаърихи олам дохил мешавад. Ин халқи бошараф ҳазорсолаҳо боз дар мулки хеш бо сулҳу салоҳ ва меҳнати софдилона умр ба сар мебарад. Дӯст доштани Ватан ва ҳифзи марзу буми он барои ҳамагон бунёди рисолати хештаншиносӣ буда, бахусус, ҷавонон бояд ин нуктаро дар дилу ҷони худ ҷой диҳанд. Воқеан, дар ҷаҳони муосир ва даврони глобализатсия пешорӯи мо мушкилоти зиёде қарор доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромади худ муҳиммияти ҳушёрии сиёсиро қайд менамоянд, ки он баҳри ҳамагон дарси ибрат мебошад. Дар ин замина мебояд, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватанпарварӣ  ва  дифокори арзишҳои маънавию  илмӣ  тарбият намоем. Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро ҷаҳониён имрӯз мешиносанд. Мутаассифона, дар ҷомеаи мо ашхосе пайдо мешаванд, ки ба қадри ҳамаи ин пешравиҳо намерасанд, некиҳоро қадр намекунанд. Бо таъсири гурӯҳҳои сиёҳкор даҳсолаи охир гаравиши ҷавонон ба аҳзобу равияҳои гуногун то андозае афзун гардид. Мардуми бадхоҳ ҷавонони гумроҳро бо қаллобиву фиребгарӣ ба доми ҷанги хонумонсӯз дар кишварҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ кашиданд, ки матлаби онҳо танҳо бадкориву бадрафторист. Ин гурӯҳҳои дасисакори бо ном мусулмон ватану дину диёнат надоранд. Мо набояд фаромӯш созем, ки Пайғамбари Ислом дӯст доштани ватанро аз гӯшаи имон ҳисобидаанд. 
Ҷавонон бояд аз расму оини халқи худ огоҳ бошанд, барои нагаравидан ба унсурҳои бегонапарастӣ донистани асолати миллӣ замина фароҳам меоварад. Рушди анъанаҳои миллӣ ва бо фарҳанги худӣ халқи худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудан пояи мустаҳкамест дар шинохти тоҷикон дар арсаи ҷаҳон. 
…Имрӯзҳо тақлидкорӣ ба мардуми бегона дар либоспӯшӣ як навъ муд гаштааст, иддае забони модарии хешро хуб надониста, ба омӯзиши забонҳои дигар шавқ доранд, ки комёбии онҳо шубҳаовар ба назар мерасад: либоси тоҷикӣ ба тани мо зебост, ин либос ҳазорсолаҳо боз бо  мост, он рӯҳияи халқи моро инъикос менамояд, дар масъалаи забони модарӣ метавон гуфт, ки забон пояи давлату миллат буда, ҳифзи он ҳифзи давлати хеш мебошад, донистани забонҳои дигар дар асоси хуб донистани забони модарӣ амалӣ мегардад. Аз ин рӯ, ҷавонони моро месазад, ки аз таъриху фарҳанг ва асолати миллии хеш огоҳ бошанд, дар асоси расму оини арзишманди ниёгони хеш  бунёди давлатдориву меҳанпарастии худро мустаҳкам намоянд, ки сиёсати давлатӣ ба он нигаронида шудааст. 

Рухшона ФАЙЗУЛЛОЕВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ