Вохӯрии Нуриддин Саид бо Тойлыев Сапардурды

01-11-2017
Дар доираи сафари расмии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 1-уми ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Саид Нуриддин Саид бо муовини раиси Шӯрои вазирони Туркманистон Тойлыев Сапардурды доир гардид.
Зимни суҳбат муовини раиси Шӯрои вазирони Туркманистон Тойлыев Сапардурды иброз дошт, ки баъди имзои Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои давлатӣ оид ба таҳсилот ҳамкориҳо дар соҳаи маориф боз ҳам вусъат ёфта, таҳсили донишҷӯёни Туркманистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёдтар хоҳад гашт.
Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, инчунин, пешниҳод намуд, ки минбаъд дар баробари донишҷӯён табодули проффесорону устодон низ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ба роҳ монда шавад. 
Дар рафти вохӯрӣ мубодилаи афкор доир ба низоми маорифи ҳарду кишвар сурат гирифт. Баъд аз муаррифии низоми маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси Шӯрои вазирони Туркманистон Тойлыев Сапардурды иброз дошт, ки дар самтҳои мухталиф метавон таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор дод.
- Мо ният дорем, ки дар солҳои баъдӣ як маркази қабули хонандагон ба муассисаҳои олиро дар Туркманистон таъсис диҳем. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти таъсиси Маркази миллии тестӣ ва фаъолияти он барои қабули хонандагону донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мавриди омӯзиш қарор диҳем,-зикр кард Тойлыев Сапардурды.
Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид низ ҷиҳати боз ҳам густариш ёфтани ҳамкориҳо зикр сохт, ки Вазорати маориф ва илм омодаи ҳамкорӣ буда, тамоми чораҳои заруриро меандешад. 
Дар анҷом ҷонибҳо аз баргузории мулоқоти дуҷонибаи судманд ва ҳамкории мутақобила изҳори қаноатмандӣ намуданд.