МУОВИНОНИ ВАЗИР

 

Мирбобоев Раҳматулло Мадаюбович

Аз 6 декабри соли 2013 муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

22 августи соли 1956, дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд таваллуд шудааст.

Маълумоташ олӣ, соли 1977 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1977-2006 дар вазифаи ассистенти кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оғоз намуда, то соли 2006 дар вазифаҳои муаллими калони кафедра, муовини декан, дотсенти кафедра дар донишгоҳи мазкур кор кардааст.
Солҳои 2006-2010 дар вазифаҳои декани факултети молиявию иқтисодӣ ва факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Солҳои 2010-2012 вазифаи муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Солҳои 2012 то соли 2013 дар вазифаи ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор кард.

 

Назирӣ Латофат Қаҳор 
Аз 11 январи соли 2016 дар мансаби муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
2 марти соли 1963 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст.
Таҳсилот: олӣ. Соли 1987 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ва соли 1992 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро  хатм кардааст.
Ихтисос:   муаллими таъриху ҷамъиятшиносӣ, психологияи амалӣ. Унвони илмӣ: номзади илмҳои педагогӣ (соли 2006), дотсент (соли 2008)

Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1983-1994-муаллими таъриху ҷамъиятшиносии мактаби рақами 22-и шаҳри Ваҳдат.
Солҳои 1994-2000-ассисент, муаллими калони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, ҳамзамон муовини декани факултети таърих оид ба тарбия (25.08.1997-25.08.2000).
Солҳои 2000-2003-таҳсил дар шуъбаи аспирантура
Солҳои 2003-2005- муаллими калони кафедраи педагогикаи ДДМТ.
Солҳои 2005-2008-мушовири калон, ҳамоҳангсози Ҳаракати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон.
01.08-20.12-сармутахассиси Раёсати мактабҳои олӣ ва баъдидипломии Вазорати  маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2008-2012-муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба тарбия.
Солҳои 2012-2016-ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф.

 

Одиназода Бозоралӣ Неъмат 

Aз 7 марти соли 2013 дар мансаби муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Соли таваллуд 21 ноябри соли 1965, Ҷои таваллуд ноҳияи Муъминобод
Таҳсилот: олӣ. Соли 1991 Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, хатм кардааст. 
Ихтисос муҳандис–механик, Унвони илмӣ номзади илмҳои техникӣ, дотсент.

 

Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1986-1991 Донишҷӯи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1991-1994 Ассистенти кафедраи ТМДваАМ, ДПТ, ш. Душанбе
Солҳои 1994-2000 Унвонҷӯ ва аспиранти Институти пӯлод ва хӯлаҳои ш. Москва (МИСиС), ш. Москва
Солҳои 2000-2002 Намояндаи Кумитаи саноати назди Ҳукумати ҶТ дар Федератсияи Россия, ш. Москва 
Солҳои 2002-2004 И.в.мудири кафедраи «МваКТТ», муаллими калони кафедраи «МММваД», ДТТ ба номи академик М. Осимӣ, ш. Душанбе
Солҳои 2004-2005 Мудири кафедраи байнидонишгоҳии «ҲОМЗ»-и Маркази миллии патенту иттилоот ҶТ, ш. Душанбе 
Солҳои 2005-2008 Муовини ректор оид ба корҳои ташкиливу тарбиявии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ, ш. Душанбе 
Солҳои 2008-2011 Декани факултети механикӣ ва технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ш. Душанбе 
Солҳои 2011-2013 Муовини ректор оид ба корҳои таълимии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ш. Душанбе

 

Усмонзода Фатҳиддин 

Аз октябри соли 2011 дар вазифаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
Соли таваллуд: 18.04.1975. Ҷои таваллуд: н.Нуробод.
Таҳсилот: олӣ. Соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимиро хатм кардааст. 
Ихтисос: муҳандис-иқтисодчӣ, номзади илмҳои иқтисод.

 

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1998-1999 сардори шӯъбаи банақшагирӣ ва иқтисоди раёсати сохтмонии «Дарбандсоз».
Солҳои 1999-2002 ассистенти кафедраи «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар истеҳсолот»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ.
Солҳои 2002-2007 муаллими калони кафедраи «Менеҷменти истеҳсолот»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ.
Солҳои 2007 – 2011  сардори раёсати банақшагирӣ, иҷрои буҷет ва ояндабинӣ дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз октябри соли 2011 дар вазифаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.