Вазир

САИД НУРИДДИН САИД
ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
25 ноябри соли 1956 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Номзади илмҳои фалсафа (соли 1993), доктори илмҳои философия (соли 2010). Ба мукофоти давлатии ордени «Шараф» дараҷаи 1 (соли 2011) сарфароз гардонида шудааст.
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
Солҳои 1975-1978-Хизмат дар сафи артиши Иттиҳоди Шӯравӣ
Солҳои 1978-1983-Донишҷӯи Институти педагогии давлатии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко  
Солҳои 1983-1984-Ассистенти кафедраи педагогика ва психологияи филиали Интитути педагогии давлатии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко дар шаҳри Қӯрғонтеппа
Солҳои 1984-1988-Ассистенти кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносии Донишкадаи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав
Солҳои 1988-1991-Аспиранти Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленин
Солҳои 1991-1993-Муаллими кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон  
Солҳои 1993-2006-Дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
Солҳои 2006-2007-Сардори раёсати таҳсилоти миёна, олии касбӣ ва баъди муассисаҳои олии касбии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2007-2008-Сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Соли 2008 (01-11)- Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ
Солҳои 2008-2012-Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 2012-2013-Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 19 ноябри соли 2013 то ҳоло - Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Забонҳои англисӣ ва русиро медонад.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.