Вазъи таълиму тарбияи халқи тоҷик дар давраи ҳокимияти муғулҳо ва темуриён

Дар аввали асри XIII дар дохили давлати Муҳаммад Хоразмшоҳ (1200-1220) ихтилофоти зиёди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва низову нифоқи хонаводагӣ ба амал омад. Дар чунин шароиту вазъияти дохилӣ давлати Хоразмшоҳ ба ҳуҷуми урдуҳои муғулҳо дучор гардид. Чингизхон баъди забт намудани кишвару мулкҳои зиёд қасди гирифтани Эронро кард. Бо ин мақсад пеш аз ҳуҷум ӯ тайёрии пухта дида, моҳи сентябри соли 1219 ба давлати Хоразмшоҳ бо лашкари зиёд ҳуҷум мекунад. Дар натиҷаи ҷангҳои хонумонсӯз давлати Хоразмшоҳӣ соли 1220 аз байн рафт. Лашкаркашиҳои минбаъдаи Чингизхон ва навкаронаш имкон доданд, ки соли 1256 тамоми Эронро тобеи худ гардонанд.

Ҳокимияти Чингиз ва чингизиён дар ин сарзамин то солҳои 70-уми асри XIV, яъне то барқарор шудани давлати темуриён идома ёфт.

Чингиз ва чингизиён бо ҳуҷуми ваҳшиёнаи худ ба фарҳанг ва иқтисодиёти ин сарзамин зарбаи сахте расониданд, ки дар давоми асрҳои баъдина таъсири манфии ӯ аз байн нарафт. Дар натиҷаи ҳуҷум ва лашкаркашиҳои пайдарҳами муғулҳо бузургтарин ва сахттарин мусибат ба сари эронинажодҳо, аз ҷумла халқҳои тоҷику форс омад. Қатли умум, ғоратгарӣ, оташ задани шаҳру деҳот, нест кардани осори фарҳангӣ ва ғайра амали асосӣ ва доимии муғулҳо ба шумор мерафт. Аз таърихшиносони араб Ибн Аласир (1160-1244), ки шоҳиди манзараи мудҳиши истилои муғулҳо ва ваҳшонияти онҳо буд, рафтори ғайриинсонии ғосибони Чингизро чунин тасвир кардааст: «Онҳо   (урдуҳои чингизиён) ба касе раҳм намекарданд, баръакс, занон, мардон ва кӯдаконро мекуштанд, шиками занони ҳомиларо пора карда, кӯдакони ҳанӯз таваллуднашударо сар мезаданд... Шарораҳои ин бало ба чор тараф пош хӯрда офати он насиби умум гардид ва ҳамчун абри сиёҳе, ки вайро боди сахт меронад, аз вилояте ба вилояте сайр намуд. Халқе аз канори мамлакати Чин баромада, ба вилояти Туркистон, ба Қашғар ва Баласоғун ҳамла овард ва аз он ҷо навоҳии Мовароуннаҳр, ба Самарқанд, Бухоро ва ҷойҳои дигар тохт, ишғол кард, хароб намуд, ба қатл расонид ва ба яғмо бурд. Шаҳре набуд, ки аз дасти тоторҳо саломат монда бошад, онҳо ҳама ҷоро вайрон мекарданд, аз наздикии ҳар чизе ки мегузаштанд, тороҷ менамуданд, месӯзонданд. Масалан, онҳо молҳои абрешимӣ ва дигар хел колоҳоро тӯда-тӯда тӯъмаи оташ мекарданд».

Ҳуҷуми ваҳшиёнаи Чингиз ва чингизиён ба фарҳанг, низоми таълиму тарбия, мактабу маориф ва ахлоқу афкори ин сарзамин низ таъсири мудҳиш расонид. Дар   натиҷаи   кушокушиҳои доимии муғулу тоторҳо дар марказҳои бузурги мадании Эронзамин ҳазорон донишмандон, адибон, мударрисони мактабу мадрасаҳо ва ди¬гар равшанфикрон ба қатл расонида шуданд. Масалан, дар «Сафарнома»-и ибни Батута навишта шудааст, ки дар Ироқу Араб бисту чаҳор ҳазор аҳли илм аз тарафи муғулҳо ба қатл расонида шуд. Бояд қайд намуд, ки фақат ба як қисми ками онҳо муяссар шуд, ки ҷон ба саломат баранд ва ба Ҳиндустон, Осиёи сағир (хурд) ва дигар мамлакатҳо паноҳ баранд. Инро дар мисоли Ҷалолиддини Балхӣ, падари ӯ ва дигарон дидан мумкин аст. Дар натиҷаи ин бесарусомониҳо илму хирад, дониш, афкору адаб рӯ ба таназзул ниҳод. Гузашта аз ин ҳазорон китобҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо ва қасрҳо аз тарафи муғулҳо оташ зада, несту нобуд шуд. Ҳунарҳои зебои мардумӣ нест гардиданд. Ҳамаи ин ба афкору ахлоқи тоҷикон таъсири бад расонид.

Ҳамаи он бадбахтиҳое, ки муғулҳо ба сари мардуми ин диёр оварда буданд, ба фалсафаи таълиму тарбия ва афкори педагогии эронинажодҳо, аз ҷумла халқи тоҷику форс таъсири бадтарин расонид. Қариб тамоми мактабу мадрасаҳо, масҷидҳо ва дигар марказҳои маданию маърифатӣ дар натиҷаи ин мусибатҳо ба хок яксон шуданд. Китобҳои таълимиро низ онҳо оташ заданд.

Атомалик Ҷувайнӣ қайд мекунад, ки дар нати¬ҷаи ҳуҷуми муғулҳо ҳазорҳо мадрасаю мактабҳо ва масҷиду хонақоҳҳо ба хок яксон гардиданд. Низоми таълиму тар¬бия ва мундариҷаи маълумоте, ки дар давраи ҳукмронони пешин дар мактабу мадрасаҳо роиҷ буд, аз байн рафт. Чавгонбозӣ, аспсаворӣ, шиноварӣ ва дигар намудҳои тарбияи фарзандон ба гӯшаи фаромушӣ супорида шуд.

Бо вуҷуди ин қадар шиканҷаҳо мактаб аз байн нарафт. Махсусан ниомҳои нуҷум, тиб ва таърихшиносӣ рушд намуд. Дар илми таърих китоби «Таърихи Ҷаҳонкушо»-и Атомалик Ҷувайнӣ, «Таърихи вассофӣ-и Абдулло бини Фазлуллоҳи Шерозӣ, «Ҷавомеъултаворих»-и Хоҷа Рашидаддин Фазлуллоҳ ва ғайраҳо таълиф шуданд. Санъати тасвирӣ ва меъморӣ низ вусъат ёфт. Баъди тохту този муғулҳо ба сохтани масҷиду мадрасаҳо, мактабу хонақоҳҳо сар карданд. Масалан, дар охири асри XIII онҳо дар Бухоро ду мадрасаи бузург сохтанд. Чунин масҷиду мадрасаҳо ва мактабу хонақоҳҳо дар дигар шаҳрҳои бузурги қаламрави эронинажодҳо, аз ҷумла тоҷику форс сохта шуданд. Низоми таълиму тарбия нисбат ба давраҳои гузашта хислати пурраи динӣ-сӯфигӣ гирифта, бештар бачагон ва ҷавононро дар рӯҳияи дунёбезорӣ, тариқат ва охират тарбия менамуданд. Дар мадрасаҳо бештар фанҳои динӣ, махсусан асарҳои уламою шӯарои суфия Авҳадӣ, Фаҳриддини Ироқӣ, Муҳаммад Шабистарӣ ва ғайраҳо таълим дода мешуданд.. Озодии сухан ва баҳсҳои илмию динӣ дар мадрасаҳо аз байн бардошта шуданд.

Халқҳои эронинажод, аз ҷумла тоҷикону форсҳо ҳанӯз аз зери зулми муғулҳо халос нахӯрда буданд, ки ба сари қудрат Темур (1336-1405) ва хонадони ӯ омаданд. ӯ Эрон, Арманистон, Гурҷистон, Миср, Сурия, Ҳиндустон ва дигар мамлакатҳоро ба зери ҳукмронии худ даровада, мардумони он диёрро аз дами теғ гузаронида, ғаниматҳои зиёде ҷамъ намуд.

Баъди вафоти Темур дар байни ин хонавода ва авлоди ӯ муборизаҳои хунин барои тахту тоҷ сар шуд ва ин ба барҳам хӯрдани империяи ташкилкардаи ӯ оварда расонид. Пас аз са¬ри Темур ақрабои ӯ Шоҳрух, Улуғбек, Абдулатиф, Абӯсаид ва Ҳусайн Бойқаро фақат тавонистанд Мовароуннаҳрро нигоҳ доранд ва ҳокими он бошанд.

Рушди адабу фарҳанге, ки дар охири асри XIII оғоз шуда буд ба ҳамаи фитнагариҳои давраи темуриён нигоҳ накарда, инкишоф меёфт. Ба ин Давлатшоҳи Самарқандӣ дар тазкираи худ «Тазкираталшуаро» чунин ишора кардааст: «...вақте ки аз темуриён ва шоҳзодагони темурии муосири худ сухан меравад, нишон додан лозим аст, ки дар баробари фуҷур ва одамкушие, ки дар баробарии онҳо вуҷуд дошт, онҳо боз ба илму адаб ва фарҳангпарварӣ алоқаи зиёде дошта буданд».

 Дар натиҷаи ин оҳиста-оҳиста Самарқанд, Ҳирот, Балху Бухоро ба марказҳои фарҳангӣ табдил ёфтанд. Аз тамоми гӯшаю канорҳои Мовароуннаҳр ва Эрон ходимони илму санъат ба Самарқанд, Ҳирот ҷамъ омаданд. Ба ин ҷиҳат, дар ин ҷо илмҳои тиб, ҳуқуқ, ситорашиносӣ, таърих, ахлоқ, адабиёту санъат рӯ ба тараққӣ ниҳоданд. Аввалин маротиба дар ин сарзамин барои корҳоитадқиқотӣ ва ситорашиносӣ Улуғбек расадхона ташкил намуд. Ин давра барои инкишофи фаъолияти аҳли қалам низ шароити хуб ба вуҷуд овард. Шоирони зиёде дар ин замон, аз қабили Ҳофизи Шерозӣ, Убайди Зоконӣ, Камоли Хучандӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Ҷомӣ, Навоӣ ва дигарон ба рушди адабиёт таъсир гузоштанд ва дар адабиёти ҷаҳонӣ шӯҳрат пайдо намуданд.

Забони форси тоҷикӣ мисли пештара забони шеъру адаб, илму ҳунар гардид. Забони арабӣ бошад, забони дин, шаръ ва ҳикмати илоҳӣ қарор гирифт. Забони форси тоҷикӣ ва адабиёти он дар тамоми Осиёи Марказию Ғарбӣ нуфуз кард. Санъати меъморӣ, наққошӣ ва тасвирӣ рӯ ба тараққӣ ниҳод. Темур ва темуриён барои меъмории кишвар беҳтарин муҳандисонро дар Самарқанд ҷамъ намуданд.

Темуриён ба сохтани масҷиду мадрасаҳо, хонақою мактабҳо низ диққати махсус доданд. Дар ин давра мадрасаю мактабу мақбарасозӣ авҷ гирифт. Дар як муддати кӯтоҳ дар Самарқанд, Ҳирот, Машҳад ва дигар шаҳрҳо мадрасаҳои Бибихонум, Улуғбек, мақбараҳои Гӯри мир, Шоҳи зинда (Самарқанд), масҷиду мадрасаи Гавҳари шодӣ (Машҳад) ва ғайраҳо сохта шуданд. Дар деҳоти серодам ва шаҳрҳои калон ҳазорҳо мактабҳо кушода шуданд. Дар назди масҷиду мадрасаҳо китобхонаҳо ташкил намуда, осори парокандаи илмию адабии эронинажодҳо, аз ҷумла тоҷикону форсҳоро ҷамъоварӣ карданд. Барои нигоҳ доштани осори гузаштагон рӯнавис намудани китобҳои нодир ба роҳ монда шуд.

Дар низоми таълиму тарбия низ дигаргуниҳое низ ба вуҷуд омад. Мақсаду вазифаҳои тарбия аз навиштану хондан, донистани Қуръон, тарбияи ҳисси тарсу ваҳм, ҳарос, бечорагӣ ва пешгирӣ намудани ахлоқи бад дар одамон ва насли наврас иборат буд. Барои ба ин мақсад расидан одамон бояд фотеҳони худро ҳамду сано гуфта, нисбат ба онҳо рафтору гуфтори хуб зоҳир намуда, оддитарин хислат, кирдору рафтори онҳоро таърифу тавсиф мекарданд.

Дар барномаи таълимии мактабу мадрасаҳо нисбат ба гузашта бештар ба омӯхтани фанҳои динӣ диққат медоданд. Барои ба ин мақсад расидан дар мактабҳо бештар ба донистни Қуръон, омӯхтани осори шоирони сӯфия эътибор дода мешуд. Дар мадрасаҳо фанҳои сарфу наҳви арабӣ, ҳадис ва тафсири Куръон, фиқҳ ва усул, мантиқ, ҳикмати маонӣ ва ашроқӣ, табиёт, риёзиёт, таърих, ситорашиносӣ ва тиб тадрис мешуданд.

Дар усулҳои таълим низ дигаргуниҳо ба амал омад. Дар ҷараёни тарбия ҷазои ҷисмонӣ ба таври васеъ ҷорӣ гардид. Баҳсу мунозираҳои илмӣ дар мадрасаҳо аз байн рафт. Ташаббуси толибилмон пахш мегардаид. Мударрисон дар ҷараёни таълими фанҳо бештар ба калом диққат медоданд.

Дар ин давраи таърихӣ шоирон ва мутафаккирон- Хоҷа Насриддини Тӯсӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофиз, Камоли Ҳуҷандӣ, Ҳусейн Воизи Кошифӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон дар бораи таълиму тарбия изҳори назар намуданд. Таҳлил ва омӯзиши назариёти педагогии онҳо ба ақидаи мо барои тарбияи насли наврас ҳело муфид мебошад.