Дурӯғи воҳимаангез (Ҷавоб ба навиштаи «Муаллимро барои чӣ заданд?»-и Лола Абдураҳимова, «СССР», 21 декабри соли 2017)  

02-01-2018
Вақте сатрҳои «Ин нохалафони бесоҳиб террористу қотилу хоину ватанфурӯш хоҳанд шуд. Ин бонги хатар аст, эй, мардум!»-ро мехонед, ҳисиёте касро фаро мегирад: кош, дурӯғ бошад!
Ин сатрҳо дар ҳафтаномаи «СССР» (аз 21 декабри соли 2017) зери унвони «Муаллимро барои чӣ заданд?» нашр шудааст, ки муаллифи он омӯзгор аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Лола Абдураҳимова мебошад. 
Ростӣ, пеш аз ин ҳам чанд маротиба навиштаҳои Лола Абдураҳимоваро пайгирӣ карда будем. Натиҷа аз он чунин буд, ки навиштаҳояш ё воҳимае беш набуданд ва ё факту рақамҳояш тасдиқи худро намеёфтанд. Ин бор ҳам навиштаи Л.Абдураҳимова бо супориши бевоситаи вазири маориф ва илм мавриди санҷиш қарор дода шуд. Аммо, чи тавре ки гуфтем ва гумон мекардем ва аз навиштаю аризаҳои пешинаи Лола Абдураҳимова то андозае воқиф ҳам будем, он воҳимае беш набудааст. 
Дар андешаи навбатии ба идораи ҳафтаномаи «СССР» баён кардаи ӯ дар чанд сатр омадааст, ки гӯё дар яке аз муассисаҳои ноҳия ду тан хонандаи синфи 11 муаллими ҷавони фанни технологияи информатсиониро, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Барномасоз» хатм кардааст, мавриди лату кӯб қарор додаанд. 
Зимни санҷиш маълум гардид, ки ҳодиса дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, ки муаллима Л.Абдураҳимова сарварии онро ба уҳда дорад, рӯй додааст. Чун дар ҳузури кормандони шуъбаи маорифи ноҳия бо муаллима Л.Абдураҳимова суҳбат кардем, нахуст қайд кард, мақоларо худаш навиштаасту сарлавҳаро масъулини ҳафтаномаи «СССР» гузоштаанд. Аммо вақте пурсон шудем, ки сарлавҳаи гузоштаи шумо чӣ буд, дубора иброз дошт, ки мақоларо нанавиштааст, балки тавассути телефон андешаашро баён доштаасту масъулини ҳафтаномаи «СССР» онро аз номи Л.Абдураҳимова рӯйи чоп овардаанд. Ба ҳар сурат, хостем дурустии факту рақамҳои дар мақола бударо санҷем. Нахуст, се хонандаеро ба наздамон оварданд, ки ҳеҷ кадоме ба шӯрапушт монандӣ надошт ва онҳо аз рӯй додани чунин ҳодисаи ногувор  изҳори бехабарӣ карданд. Ин дар ҳоле буд, ки Л.Абдураҳимова даъво мекард, ки ин се хонанда гӯё муаллимро задаанд. Сипас, аз омӯзгори фанни технологияи информатсионии муассиса Фотеҳ Аминов пурсон шудем. Фотеҳ Аминов бо итминони комил гуфт ва баёнот дод, ки бо касе даст ба гиребон нашудааст. Ҳатто, иброз дошт, ки ӯ на хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, балки хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав мебошад. Чун суҳбату пурсишҳои мо дар ҳузури ҳамагон мегузашт, Л.Абдураҳимова дубора даъво кард, ки ин хонандагон бо омӯзгори фанни география низ даст ба гиребон шудаанд. Барои исботи ин гуфтаҳо омӯзгори фанни география Т. Соҳибназаровро низ пурсон шудем. Ӯ ҳам изҳор дошт, ки касе ба ӯ даст набардоштааст ва гуфтаҳои муаллима ҳама дурӯғу беасосанд. 
Акнун суоли матраҳ ин аст, ки муаллима ин афсонаро ба чӣ сабаб бофта баровардааст? Дар баёноти худ менависад, ки мақсадаш он буд, ки падару модаронро ба нисбати тарбияи насли наврас бетараф набудан даъват кунад то онҳо масъулият ҳис кунанд, пеши беодобии хонандагони синфҳои болоиро гиранд. Нияти хайр. Аммо магар зарур аст барои таъкиди ин ҳарфҳо қиссаи нодурустеро бофта баровардан ва хонандаи ҳафтаномаро ба иштибоҳ андохтан?! 
Ба ин савол омӯзгор Лола Абдураҳимова хомӯширо ихтиёр мекард ва танҳо ҳаминро қайд мекард, ки ба идораи ҳафтаномаи «СССР» занг зада андешаашро баён доштааст, аммо гумон надошт, ки бо ин сарлавҳа ва чунин муҳтаво чоп мешавад. 
Муҳтарам, сардабири ҳафтанома! Мо аз фаъолияти шумо баҳри беҳбудии кори таълиму тарбия дар ҷомеа воқифем ва онро босамар меҳисобем. Аммо хуб мебуд ҳангоми тамос шахсияти мухбир, дурустии ахбори ӯ омӯхта, баъд хабар истифода гардад, то минбаъд чунин иштибоҳҳо рӯй надиҳанд.
 
Маркази матбуоти Вазорати маориф 
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон