ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР РОҲИ МАЪРИФАТ

09-01-2019
Тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаи маориф дигаргуниҳои азиме ба вуқӯъ пайвастанд, ки аз ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд. Дар тамоми ҷабҳаҳо, аз бунёду азнавсозии мактабҳо то компютеркунонию бо тахтаҳои электронӣ таъмин намудани таълимгоҳҳо, омӯзиши сифати нави забонҳои хориҷӣ (русию англисӣ), таъсиси озмоишгоҳҳо ва кабинетҳои фаннӣ, ба роҳ мондани таълиму тарбия дар асоси талаботи замони муосир дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомузӣ фаро гирифтани омӯзгорону устодон, вусъати тоза пайдо кардани ҳаракати олимпӣ ва амсоли инҳо пешравиҳои назаррас ва тасаввурнопазир сурат гирифтанд. 
Чунин дастоварду комёбиҳоро метавон дар мисоли Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бозгӯйӣ намуд. Дар воқеъ, донишкада тайи солҳои охир дар таҳаввулу такомули низоми таҳсилот, рушду пешрафти таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, иқдому ташаббусҳои навоваронаи ҳайати устодону омӯзгорон дар масъалаи татбиқи амалии барномаю консепсияҳо ва стандартҳои таълимии соҳа, роҳандозии шаклу шеваҳои ҷадиди тадрис корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. 
Дар муассиса фаъолияти илмомӯзӣ ва баланд бардоштани пояи тахассусии омӯзгорон бо ду роҳ: илмӣ- назариявӣ ва  амалӣ сурат мегирад. Дар қисмати корҳои илмӣ-назариявии устодон ва муҳаққиқон, ки дар донишкада дарс мегӯянд, ба шунавандагони курсҳо доир ба асноду ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ, қарору қонунҳои Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон, омӯзиши осори боғановату баландарзиш ва пурмуҳтавои олимону файласуфони аҳди пешини тоҷик ва ғайра машғулиятҳои рангину ҷолиб мегузаронанд.
Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби раёсати донишкада тайи солҳои охир дар рафти машғулиятҳо Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор дода, аз ҷониби коршиносону мутахассисони соҳа ба шунавандагони такмили ихтисос роҷеъ ба паҳлӯ ва ҷанбаҳои сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва дастовардҳои замони истиқлолият маърӯзаҳо ироа мегардад. 
8-уми январи соли ҷорӣ бо мақсади омӯзиш ва аз худ кардани мазмун ва муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори донишкада бо иштироки зиёда аз 300 нафар шунавандагони курсҳои такмили ихтисос, аз ҷумла директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муовинони директорон оид ба таълиму тарбия ва омӯзгорону кормандони донишкада чорабинӣ таҳти унвони «Омӯзиш ва роҳандозии Паём» баргузор шуд. Чорабиниро  ректори донишкада Хоналӣ Қурбонзода оғоз намуда, сипас устодони донишкада Р. Шарифзода ва М. Ғиёсиев маърӯзаҳои худро роҷеъ ба самтҳои афзалиятноки Паём ироа намуданд. 
Р. Шарифзода-мудири кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маорифи Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф иброз дошт, ки «Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳими худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон соли воқеан таърихӣ буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми декабри соли 2018 дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ дода, барои гузаронидан ислоҳоти куллӣ дар соҳаи маориф ва илмро судманд ва зарурӣ донистанд.  Инчунин, бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат тамоми кормандони соҳаи маориф ҳар се сол аз такмили ихтисос гузаронида мешаванд, ки дар ин самт нақши Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф беназир аст». 
Инчунин, И. Холназар-муаллими калони кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маорифи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф қайд кард, ки донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он дар соли 2018 дар асоси нақшаҳои фаъолияти донишкадаву филиалҳо, Нақшаи тақвимии курсҳои такмили ихтисос, курсу семинарҳои махсус ва дигар нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, як қатор корҳоро ба сомон расониданд. Айни ҳол дар донишкада дар қатори дигар барномаҳои давлатӣ бо мақсади таҳкими низоми амалкунандаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии  кормандони соҳаи маориф, ташкили низоми ягонаи такмили ихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи таҳсилоти ҷаҳонӣ “Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.07.2017, №357 тасдиқ гардидааст, амалӣ карда мешавад. Чорабинии имрӯза дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишкада ташкил ва баргузор гардид, ки барои ҳар як иштирокчии он, махсусан, шунавандагони такмили ихтисос таассуроти мусбӣ расонид. Мазӯъҳое  дар ин чорабинии сиёсӣ матраҳ шуданд, ки барои пешбурди фаъолияти омӯзогории ҳар яки мо мусоидат хоҳад кард. 
Мавриди зикр аст, ки раёсати донишкада солҳои охир ҷанбаҳои мухталифи соҳаро ба риштаи тадқиқ кашидааст, ки он масъалаҳои такмили усул, роҳҳои тарбияи маънавию ахлоқии наврасону ҷавононро фаро мегирад.
- Вобаста ба тарғибу ташвиқи асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» соатҳои сиёсӣ аз рӯйи 25 мавзӯъ барои омӯзгорону кормандони донишкада ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос ба роҳ монда шудааст. Ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа дар доираи як мавзӯъ аз ҷониби мутахассисони баландихтисос машғулиятҳо дар сатҳи хуб ташкил ва баргузор карда мешаванд. Инчунин, бо чоп шудани китоби тозанашри Пешвои миллат «Уфуқҳои Истиқлол» дар доираи чорабиниҳои донишкада дар нақша гирифта шудааст, ки миёни кормандон ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос рӯнамоии ин китоби тозанашр доир карда шавад, - иброз дошт ходими илмии раёсати илм ва иноватсияи донишкада З. Норова.
Воқеан ҳам, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ҳамасола дар баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи омӯзгорон ва баргузории курсҳои такмили ихтисос  саҳми назаррас дорад.




Саймуҳаммади ИЗЗАТУЛЛО-корманди 
Маркази матбуоти Вазорати 
маориф ва илм