Афсона тарбия мекунад

18-12-2018
Дар синфҳои поёнӣ, дар дарсҳои забони модарӣ аксари мавзӯъҳо ба зиндагӣ ва рафтори ҳайвоноту парандагон ва хазандаю ҳашарот бахшида шудаанд.
Бо усули корбурд аз афсонаю ривоят гузаронидани дарсҳои тарбиявӣ шавқовар ва ба зеҳни хонанда наздик мебошад. Хонандагони синфҳои ибтидоӣ ҳангоми шиносоӣ бо мавзӯю  муҳтавои матни пешниҳодшуда зуд дарк мекунанд, ки мақсад ва ғояи он (афсонаю ривоят ё ҳикояти тамсилӣ) аз чӣ иборат аст. Ман аксаран дар машғулиятҳои тарбиявӣ дар мавзӯи «Некӣ ва накукорӣ», «Муҳаббат ба ҷонварон», «Некӣ некӣ меорад» ва амсоли инҳо ба хонандагон тавзеҳ медиҳам, ки бузургтарин фазилати инсон ғамхорӣ ба ҳайвонот ва ҷонварон мебошад. Дар ҳадисе омадааст, ки «хашм гирифтан ба ҳайвонот аз нодонӣ аст». Дар ин бобат дар дарсҳои тарбиявӣ аз ҳикояту афсонаҳои зиёде, монанди «Оҳубарра», «Гурба ва паланг», «Духтарча ва кабк», «Ҷонварони вафодор», «Андуҳи модагов», «Тӯтии озодихоҳ», «Ҳикояти султони Яман», «Одам ва подшоҳи ҳайвонот», «Хурӯс» ва ғайра истифода мекунам, ки ҷолибу хонданӣ ва дорои аҳамияти баланди ахлоқию тарбиявӣ мебошанд. Таври мисол, дар афсонаи «Ҳикояти султони Яман» подшоҳе бози дастомӯзи худро ба сабаби он ки ҷоми  пуроби ӯро бо болаш зада мешиканад, қурбон мекунад. Аммо чун болотар ба кӯҳ мебарояд, мебинад, ки дар даруни обе, ки аз боло ба поён ҷорӣ мешавад, мори заҳрдоре хобидаасту заҳри худ ба об меандозад. Подшоҳ аз куштани бози худ пушаймон мешавад. Боз некӣ кардан мехосту соҳибаш нафаҳмид. Ба шогирдон мефаҳмонам, ки ҳеҷ гоҳ беҳуда ҷонвареро азоб надиҳанд, бо ҳаракатҳои бераҳмона онро ба қатл нарасонанд. Баръакс, нисбат ба парандагон меҳрубону дилсӯз бошанд, ба онҳо дон диҳанд. Дар навдаҳои дастраси дарахтон барояшон лона бисозанд. Масалан афсонаи «Духтарча ва кабк» низ ҷолиб буда, дар он бар ивази некиҳои анҷомдодаи духтарак, ки Марям ном дорад, кабки доно бо некӣ ҷавоб гардонида, ӯро ба назди дарахти боазамати булут мебарад. Дар зимистони қаҳратун онҳоро дар ковокии танаи худ, ки гармакак буд, ҷой медиҳад, пасон ҷои будубоши падару – модар ва бародарони Марямро низ булут нишон медиҳад… Чунин афсонаю ривоят ва ҳикоятҳо дар бедор намудани завқи хуфтаи хонандагон мадад расонда, баҳри тарбияи онҳо дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва поквиҷдонию накукорӣ нақши барҷаста мебозанд. 
Садриддин ҒОИБОВ,
омӯзгори мактаби №69,
ноҳияи Исмоили Сомонӣ