ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ИНТИХОБ ВА ТАЙЁР НАМУДАНИ КАДРҲО ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ ВА ИЛМИИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

23-06-2020
 
  23-юми июни соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат, раиси комиссия Ширин Исматуллозода дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид, ки дар он аъзоёни Комиссия-намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои дахлдори кишвар ширкат намуданд.
 Тибқи рӯзнома дар ҷаласа вобаста ба вазъи раванди қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби бурсияҳои давлатҳои хориҷӣ, маблағҳои буҷетӣ, Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва густариши ҳамкориҳо бо давлатҳо гузориши директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ Исматулло Шодиён, вобаста ба ҳолати баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ, ки ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд, гузориши муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён, вобаста ба масъалаи густариш додани муносибатҳои байни донишҷӯёни тоҷик, ки дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд ва ҳамкории густурдаи онҳо бо намояндагиҳои дипломативу консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм Илҳом Камолзода шунида шуд.
  Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки дар соли таҳсили 2020-2021 ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар аз ҷониби Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Венгрия, Руминия, Беларус, Қазоқистон, Украина, Туркия ва Австрия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо гардидааст. 
  Зимни баррасии масъалаҳо роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳо, аз ҷумла вазири маориф ва илм М.Имомзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Г.Ҷабборзода, роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, занон ва оила ва дигарон ба музокира баромада, фикру андеша ва таклифу пешниҳодоти худро иброз доштанд.
  Дар охир раиси ҷаласа вобаста ба таҷдиди назар намудани тартиби қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар, назорати раванди таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ, баъд аз таҳсил баргардонидан ва бо ҷойи кор таъмин намудани донишҷӯёне, ки дар асоси бурсияҳо таҳсил намудаанд ва чанде дигар ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон