ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРО ОИД БА ҲАМОҲАНГСОЗИИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ

20-11-2019
19-уми ноябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Шӯро оид ба ҳамоҳангсозии таҳсилтоти касбӣ баргузор гашт. Дар кори ҷаласа, инчунин роҳбарияти вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, аъзои Шӯро, роҳбарият ва деканони факултетҳои донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа ҷараёни амалишавии «Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои солҳои 2014-2019» ва вазъи фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи фарҳанг мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Аз рӯи масъалаҳои баррасишаванда ҳисоботи муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода ва ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Нуъмонҷон Ғаффорӣ шунида шуд.
Таъкид гардид, ки алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар соҳаи фарҳанг фаъолият карда, аз рӯи 48 ихтисос мутахассисон омода мекунанд. Аз ҷумла, дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи фарҳанг дар мисоли ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», ки бо иқдом ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуд, баён гардида, хотиррасон карда шуд, ки дар озмун қатори дигар иштирокчиён муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг ғолиб дониста шуданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудани «Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои солҳои 2014-2019» саривақтӣ арзёбӣ гардида, дастоварду пешравиҳое, ки дар марҳилаи татбиқи ин барнома рӯи кор омадаанд, барои рушди донишгоҳ муассир маҳсуб гардиданд.
Зимни муҳокима аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва аъзои Шӯро ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи фарҳанг ва вазъи иҷрои «Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои солҳои 2014-2019», ки ҳамагӣ 52 фоизро ташкил медиҳад, баҳогузорӣ карда шуд.
Бо дарназардошти ҳисоботи пешниҳодшуда ва мулоҳизаҳои баёнгардида аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар назди роҳбарияти вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта супоришҳои дахлдор дода шуда, ҳамзамон дар назди аъзои Шӯро низ вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.