ҶАЛАСАИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ

15-06-2020
   15-уми июни соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардорони раёсату шуъбаҳои вазорат, кормандони Раёсати экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷаласа баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои марбут ба коррупсия дар соҳаи маориф ва илм мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.
   Аз ҷумла, аз тарафи ҳозирин Пешниҳоди Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” мавриди муҳокима қарор дода шуд. Вобаста ба масъалаи мазкур муовини якуми вазири маориф ва илм М. Саломиён баромад намуда, иброз дошт, ки бо мақсади иҷрои банди 13-и «Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.06.2014, №355 тасдиқ гардидааст, дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ фаъолият дорад, ки  лоиҳаи қонун, барнома ва стратегия муҳокима шуда, барои мувофиқа ба вазорату кумитаҳои дахлдор пешниҳод мегарданд.
   Баъдан, намояндаи Раёсати экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Агентии назорати молиявӣ ва мубориза ба коррупсия Зарифӣ Дилшод зимни баромади худ қайд намуд, ки  барои баррасӣ ва пешниҳоди хулосаи экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 лоиҳа барои гирифтани хулосаи экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ пешниҳод гардида, зимни баррасӣ дар 7 лоиҳа омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор карда шуда, ба 11 лоиҳа пешниҳод ирсол карда шудааст.
   Ҳамзамон, дар ҷаласа гуфта шуд, ки бештари камбудиҳои ҷойдошта дар риоя нашудани талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои андоз, тандурустӣ, меҳнат, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”, “Дар бораи низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, “Низомномаи хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” зоҳир гашта, дар баъзан ҳолат баъд аз ирсол намудани эроду пешниҳодҳо онҳо ба инобат гирифта нашуда, такроран барои гирифтани хулоса ирсол карда шудаанд.
   Дар охир бо дарназардошти таҳлилу баррасӣ ва музокироту муҳокимаҳои роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ва кормандони Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  дар ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
   Дар асоси қарори мазкур минбаъд бояд лоиҳаҳои қонун, барнома ва стратегия дар Комиссияи арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ муҳокима карда шуд, барои мувофиқа ба вазорату кумитаҳои дахлдор пешниҳод гарданд ва раёсату шуъбаҳои вазорат бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи қонун, барнома ва стратегия ҳамкории зич намоянд.
 
Маркази матбуотии
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон