Баррасии лоиҳаи «Низомнома оид ба пардохти музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ»

03-10-2018
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2018, №438 «Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2018, №1084 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Низомнома оид ба пардохти музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷетӣ ва махсус дар таҳрири нав таҳия ва тасдиқ намуд. 
Рӯзи 2-уми октябри соли ҷорӣ дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф муҳокимаи лоиҳаи «Низомнома оид ба пардохти музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гашт. Дар муҳокимаи лоиҳа муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Усмонзода, сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм Б. Музаффаров, масъули лоиҳа Д. Шеров ва гурӯҳи корӣ аз ҷониби вазорату муассисаҳои дахлдор иштирок намуданд. Мақсад аз ташкил намудани гурӯҳи корӣ баррасӣ намудани низомнома ва ба он даровардани тағйиру иловаҳо буд. «Низомнома оид ба пардохти музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъд аз мубодилаи афкор ва ҷамъоварии таклифу пешниҳодҳои аъзоёни гурӯҳи корӣ ва иштирокдорон қабул гашт. 
Саймуҳаммади Изатулло – корманди
 Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илм