БОРИ АВВАЛ ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД

18-07-2020
Рӯзи 18-уми июли соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илм оид ба ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2020 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ тариқи онлайн баргузор шуд.
Дар кори ҷаласа М.Имомзода - вазири маориф ва илм, М.Сафолзода - мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба, роҳбарони муассисаҳои тобеъ бевосита ва сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони як қатор муассисаҳои таълимӣ тариқи онлайн ширкат варзиданд.
Сараввал М. Имомзода - вазири маориф ва илм дар бораи натиҷаи фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввали соли 2020 мухтасар ҳисобот дода, аз ҷумла қайд намуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ тариқи қисми коргузории вазорат 11672 мавод ворид гардидааст. Аз шумораи умумии маводи воридшуда, 1080 мавод аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1906 мавод аз вазорату идораҳои дахлдор, 480 мавод аз муассисаҳои зертобеи вазорат, 872 мавод аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, 2223 мавод аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, 1721 мавод аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, 3171 муроҷиатҳои шаҳрвандон, 34 муроҷиатҳои шикоятӣ ва 185 мавод тавассути факс ворид гардидааст.
Аз шумораи умумии маводҳои аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида 101 адад амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 100 адад қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 38 адад нусха аз протоколи маҷлисҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маводҳо марбут ба соҳаи маориф мебошанд.
Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ вобаста ба ҳаллу фасли саривақтӣ ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон дар нимсолаи аввали соли 2020 дар Вазорати маориф ва илм 15 маротиба қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон аз ҷониби вазир, муовини якум ва муовинони вазир ба роҳ монда шуда, барои баррасии пурра ва ҷавоби саривақтии муроҷиати хаттии 901 нафар шаҳрванд ба масъулин дастуру супоришҳо дода шудааст. Ҳамзамон, 9 ҷаласаи мушовараи навбатию ҷамъбастӣ бо баррасии 175 масъала ва 6 ҷаласаи назоратии назди вазир бо баррасии 20 масъала доир гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Ҳамзамон, дар рафти кори ҷаласа М.Саломиён - муовини якуми вазири маориф ва илм вобаста ба фаъолияти вазорат ва муассисаҳои тобеъ дар самти илм ва инноватсия, равобити байналмилалӣ, таъминоти муассисаҳо ба кадрҳои омӯзгорӣ ва тибқи тартиби муқарраршуда аз аттестатсия гузаронидани омӯзгорон, иҷрои Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ ва пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маориф, фаъолияти хадамотҳои методӣ дар самти иҷрои Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020 ва нашриёту матбааҳои соҳавӣ, Л.Назирӣ - муовини вазир вобаста ба фарогирии кӯдакон дар зинаи таҳсилоти томактабӣ, тибқи тартиб ба роҳ мондани қабули хонандагон ба синфи 1, назорати сифати таҳсилот ва азхудкунии барномаи таълимӣ, омодагӣ ба соли нави таҳсил, ғайримақсаднок истифода намудани бинои муассисаҳои таълимӣ, ба равияҳо ҷудо намудани хонандагон дар литсей ва гимназияҳо, зери назорат қарор додани рафти озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон-ватани азизи ман”, дар давраи пандемияи КОВИД-19 таваҷҷуҳ зоҳир кардан ба ғизои мактабӣ ва фаъолияти ошхонаҳои мактабӣ, риояи гигиенаи шахсӣ аз ҷониби омӯзгорону хонандагон, зиёд намудани маҳфилҳо дар марказҳои инкишофи кӯдак, ба курсҳои омӯзишии муносибати босалоҳият ҷалб намудани омӯзгорон, Д.Қодирзода - муовини вазир вобаста ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, назорати рафти қабули ҳуҷҷатҳо аз ҷониби комиссияиҳои қабули муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимоти Маркази миллии тестӣ, назорати фаъолияти комиссияи интиқолу барқарори муассисаҳои таълимӣ, омодагии муассисаҳои касбӣ ба соли нави таҳсил, Н.Собирзода - муовини вазир вобаста ба сарфакоронаю мақсаднок истифода намудани маблағҳо, бартарафсозии қарздории музди меҳнат ва сари вақт пардохт гардидани музди меҳнати омӯзгорон ва маблағи рухсатии меҳнатӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони соли таҳсили 2020-2021, аз муоинаи тиббӣ гузаронидани кормандони ошхонаҳои муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорону кормандони мактаб-интернатҳо, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ ва амсоли инҳо суханронӣ намуда, масъалаҳои зикргардида ва чанде аз проблемаву мушкилоти ҷойдошта дар соҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
М.Сафолзода - мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар робита ба фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2020, дастоварду муваффақият ва проблемаву мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи маориф сухан карда, вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати кишвар, татбиқи стратегияию барнома ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар рафти музокираи ҷаласа М.Азизӣ - сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, О.Мардов - сардори раёсати маорифи ВМКБ, Д.Исозода-сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон, О.Каримзода - сардори раёсати маорифи вилояти Суғд тариқи онлайн пайваст гардида, аз бурду бохти соҳа дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳисоботи мухтасар пешниҳод намуданд.
Ҷаласаро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Имомзода ҷамъбаст намуда, зикр кард, ки новобаста аз корҳои ба сомонрасонида ҳоло ҳам камбудию мушкилот дар соҳаи маориф ва илм ба назар мерасад ва Вазорати маориф ва илм боварӣ дорад, ки ин камбудиҳо тадриҷан ҳал гардида, ислоҳоти соҳа минбаъд низ дар ҳамаи самтҳо идома хоҳад ёфт. Таъкид гардид, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва муваффақ шудан ба дастовардҳои назаррас ҳар як масъулини соҳаро зарур аст, ки бештар аз ҳарвақта саъйу талош варзанд.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон