Бори аввал бо забони давлатӣ китоби «Психология. Муқаддимаи ихтисоси психолог» чоп шуд

14-12-2018
Чанде пеш бо тавсияи Шӯрои илмӣ-методии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ китоби «Психология. Муқаддимаи ихтисоси психолог» (муаллифон Дотсенко Е.Л., Атахонов Р., Андреев О.С.) чоп шуд.
Мақсади таълифи дастури таълимии мазкур аз он иборат аст, ки донишҷӯён дар бораи предмет, метод ва соҳаҳои илми психология дар марҳалаи ҳозираи тараққиёти он маълумот гиранд, ба заминаи илмию методологии он сарфаҳм раванд ва дар бораи реалияти касбии психолог тасаввурот пайдо кунанд.
Дастури таълимӣ аз 5 қисм иборат аст, ки дар онҳо ҷабҳаҳои гуногуни тараққиёти касбии донишҷӯён-психологҳо инъикос ёфтаанд: тафовут байни тасаввуроти маишӣ ва касбӣ дар бораи психология ҳамчун илм ва психолог ҳамчун дорандаи худшиносии касбӣ. Мазмуни соҳаҳои психология ва доираи фаъолияти психологҳои амалӣ ҳам тавсифи худро ёфтаанд. Дар бораи масъалаҳое, ки психологҳо ҳал мекунанд, тараққиёти касбии онҳо ва воситаҳои гуногуни фаъолияти касбии онҳо низ сухан меравад. 
Дар замима як қатор супоришҳои амалӣ пешниҳод шудаанд, ки иҷро кардани онҳо барои ғанӣ гардонидани тасаввуроти донишҷӯён дар бораи ояндаи касбӣ ва чашмдоштҳои онҳо нисбат ба илми психология ва психологияи амалӣ ёрӣ мерасонанд.
Китоби мазкур аҳамияти таълимӣ ва амалӣ дошта, барои доираи васеи донишҷӯёну омӯзгорон ва ҳаводорони илми психология таҳия шудааст.