Боздиди Нуриддин Саид аз ДДҲБСТ

01-04-2019
Дар доираи сафари кории меҳмонони олиқадр ба вилояти Суғд вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид аз Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон боздид ба амал овард. Вазири маорифро ректори донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода  ва ҳайати устодон пешвоз гирифтанд.
Нуриддин Саид аз саҳни донишгоҳ, роҳраву даромадгоҳи ин муассисаи олӣ дидан карда, ба шиору овезаҳо, намои беруна ва ҷараёни корҳои ободонӣ баҳои баланд дод. Сипас, меҳмонон аз толори варзишӣ, ки дар паси бинои таълимии №2 донишгоҳ бунёд гардидаст,  дидан карданд. Корҳои таъмиру бунёдии толор пурра иҷро гардида, дар он мусобиқаҳои футболи толориву баскетбол, волебол ва дигар намудҳои варзиш гузаронида мешавад. Аснои боздид аз ҷараёни корҳои бунёдӣ вазири маориф ва илми кишвар ба сифати кори сохтмончиён баҳои баланд дод.
Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ дар донишгоҳ бомаром ҷараён дорад. Сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоотҳои банақшагирифташуда дар донишгоҳ тӯҳфаи хубу арзанда барои устодону донишҷӯёни ин муассисаи олии мамлакат хоҳад буд. Пас аз боздид ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонӣ вазири маориф ва илми кишвар афзуд, ки корҳои бунёди ошхонаву бинои таълимӣ, хобгоҳ барои донишҷӯён ва бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои устодону кормандон бояд дар муҳлатҳои нишондодашуда бо сифати баланд анҷом ёбанд. 
 Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддини Саид нақши устодони донишгоҳро дар тарбия намудани мутахассисони соҳаҳои мухталиф назаррас арзёбӣ карда, барои дар сатҳи баланд истиқбол кардани ҷашни 30-солагии Истиқлолият ва ба дастовардҳои ободониву созандагӣ, таълимӣ ва илмиву тадқиқотӣ пешвоз гирифтани он ба иштирокдорон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Нуъмон  Раҷабзода