Чор муждаи муҳим аз Паём

17-01-2018
Муқаддимаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаи байналхалқӣ иборат буд ва ин пайванди амиқ ба оҳанги рӯз дошт. Ба тамоми ҳамватанон моҳияти «тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон» ва ҷараёни ҷаҳонишавӣ дар доираи «…раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард”» ишора гардид. Истилоҳ ва ибораи «ҷанги сард» хосияти амиқи илмӣ-иҷтимоӣ дорад, ки бо ҷуръати хос аз забони Пешвои миллат садо дод. Бояд гуфт, ки дар оғози солҳои 2000 қарори махсуси СММ дар мавриди хатари ин навъи ҷанг қабул гашта, он даҳшатноктар аз силоҳи қатли ом эътироф гардида буд. Ҳарчанд оғози ин ҷангро ба солҳои панҷоҳуму шастуми асри гузашта мансуб медонанд, аммо гузашти вақт нишон дода истодааст, ки дар ҳақиқат, он дар чанд даҳсолаи охир дар марҳалаҳои нав ба нав шаклан дигар мешавад. Ба таври ихтисору маҷмӯӣ шинохти онро имрӯз коршиносону олимон чунин баҳогузорӣ кардаанд: «ғасби мафкура ва ба нобудӣ бурдани халқияту давлатҳо аз харитаи сиёсии ҷаҳон…». Намуна ва натиҷаҳои онро аллакай аҳли башар шоҳид гашт, ки чӣ тавр намоишкорона баъзе халқҳои мазлуму ғофилу ноогаҳро ба ин оташ дидаву дониста пеш карда истодаанд. 
Ишораи Пешвои миллат дар мавриди «…таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд» ҳушдор ва даъват ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки агар имрӯз ақли солиму тасмими саҳеҳ ҳукм надошта бошад, фардои наздиктарин бесуботии тартибу низомҳо ва барҳам хӯрдани онҳо ба нобудии аҳли башар мусоидат менамоянд. Дар ҳақиқат, ҷои пӯшида нест, ки имрӯз талошҳои низоми сиёсатҳои якқутбаву чандқутбасозии ҷаҳон авзои сайёраро торафт тира сохта истодаанд. Ин низомҳо баръакс, як омили ба вуҷуд омадани бенизомиҳову даҳшатҳо дар сайёра мебошанд. Манфиатҷӯиҳову сиёсатсози-ҳои сунъӣ ба он оварда расонида истодаанд, ки аллакай дар чанд «нуқтаи гарм», ҳамчун сарчашмаи бадбахтиҳои аҳли башар, эҳтимолияти сар задани бархӯрдҳои бузург ба амал омадааст.
Пешвои миллат чун як сиёсатмадори сатҳи байналхалқӣ мавқеи давлати Тоҷикистонро нисбат ба тамоюлоти манфии ҷорӣ ошкоро чунин иброз намуданд: «Дар марҳалаи кунунӣ кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад». Ба гумони инҷониб тадбирҳои мушаххас дар шароити мураккаби феълӣ ин дар навбати аввал муайян кардани мавқеъ нисбати ҳар як падидаву ҳаводиси сиёсии ҷаҳон мебошад. Ҷои инкор нест, ки соли сипаришуда Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое буд, ки ҳар як амали террористии анҷомдодашударо аз аввалинҳо шуда маҳкум мекард. 
Тоҷикистон дар сиёсатҳои байналхалқӣ давлате шинохта мешавад, ки асрори пӯшида надорад. Сиёсати дарҳои боз барои тамоми мамолики ҷаҳон, созмону ташкилотҳо ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ шароиту имкон фароҳам овардааст, ки онҳо имрӯз ба зиндагии мардуми тоҷик аз наздик ошно бошанд. Ин рӯҳияи демократии сиёсати феълӣ боис гаштааст, ки феълан дар арсаву минбарҳои баланд садои Тоҷикистонро мешунаванд. Тасмимҳо ва пешниҳодоти Тоҷикистонро қабул менамоянд ва давлати моро дар симои Пешвои он чун як кишвари ташаббускор эътироф мекунанд. Мавқеи Тоҷикистон ҳамгироиву дӯстист ва ин нуктаро Пешвои миллат чунин баён доштанд: «Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем».
Муносибатҳои Тоҷикистон бо давлатҳои калидӣ ва дигар кишварҳои Осиё, кумак ба Афғонистон ва рушди сулҳу субот дар ин кишвар, мақоми хосаи ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупо ва Амрико, ҳамкориҳо бо кишварҳои ҷануби Африқо ва Амрикои Лотинӣ, таҳаввулоти босуръати геоиқтисодӣ ва дипломатияи иқтисодӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ бо шарикони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, робита бо сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавии молиявию қарзӣ, ҷалби беҳтари созмонҳои байналхалқӣ барои иҷрои барномаҳо ва лоиҳаҳои муҳими кишвар, гус-тариши ҳамкориҳои башариву фарҳангӣ бо мамлакатҳои дунё ва амсоли он муҳимтарин масъалаҳои байналхалқии паёми имсола ба шумор мерафтанд. Тавре мебинем, ин мавзӯъ дар Паём аз даҳҳо бахш иборат аст. Аммо дар он чор нуқта ниҳоят муҳим буданд ва аз баргузории чор ҳамоиши бузурги сатҳи байналмилалӣ дар соли 2018 дар кишварамон мужда медоданд. Ин чор рухдоди дар пешистода инҳо мебошанд:
1. Пешвои миллат Тоҷи-кистонро кишваре муаррифӣ намуданд, ки «…бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир» ҳамкориҳои густурдаро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳ мемонад. Ҳамин аст, ки моҳи майи соли 2018 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез барпо хоҳад гашт.
2. Мушкилтарин ва муҳимтарин масъалаи ҳаёти башар дар имрӯзу оянда ин об аст ва дар робита ба ҳалли ин масъала Тоҷикистон дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускору дурнаморо дарккунанда эътироф шудааст. Дар партави ин тасмимҳо имсол дар арафаи «….ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об — 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз мегардад». Баргузории чандин конфронсу нишастҳои сатҳи баланд дар ин самт дар пойтахти кишварамон ба нақша гирифта шудаанд.
3. Дар Паём зикр гардид, ки «Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариши муносибатҳо бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи стратегӣ ва моҳияти хос дорад». Тавре маълум аст, дар оғози соли 2018 Тоҷикистон раёсати имсолаи ИДМ-ро ба уҳда гирифт ва ташрифи роҳбарони давлатҳои ИДМ ба пойтахти Тоҷикистон дар пеш истодааст.
4. Соли равон дар Тоҷикистон ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мегардад, ки воқеаи бузурги сиёсӣ байналмилалӣ хоҳад буд.
 
Бахтиёри Қутбиддин,
мудири кафедраи 
журналистикаи байналхалқии ДМТ